Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чўҷаҳояш лухи миёни дарёобод барин сафедаки дамида; баъди сихпар чунин шавад. Сонӣ пару бол бароварда, ранг дигар мекунад: хокистарӣ, хол-холи сафед дорад, ки миёни дигар рангҳо ўро мошу биринҷ мегардонад. Минқор каҷ, чашмон дарун кашида ва тори сар гўш ҳам дорад; монанд ба гўши чойникпўшаки хонаи соҳиб, ки кўдакон рўйи ҳавлӣ бароварда бумро намуда «биё-биё!»
гўянд. Валек ў як зайл ноҷунбон пири нобино барин ба як нуқта нигарад; кам шавад, ки ба дигар сў нигарад. Агар нигоҳ карданӣ шавад, якбора сару гардан тоб медиҳад; дигар ҳама вақт мулўҳ.
Гоҳи париданаш садое дорад, ки каси ноогоҳро тарсонад. Сонӣ аз шикояти ҳамсояҳо: «Ҳеҷ не, ки барги дарахти шумо рехта тамом шавад! Аз рўфтана безор шудем!» сахт расид ўро. Зеро дарахти одами бонуфуз мешуд – ана он бонкир барин, ки аз ҳамин гузар ҳавлӣ харида зани панҷумашро овард, ҳурматаш зиёд буд. Сагаш шабу рўз ҷикад ҳам, «саги хуб» мегўянд. Аммо барги дарахти бечора онҳоро безор кардааст. Сахт расид ҷавонмардро; буррид он дарахтро; чанд рўз бо ҳамон табари кунду арраи дандоншикастае, ки дошт, дарахти азимро бурида, майда карда, ҳамчун сўзишворӣ дар як гўшаи ҳавлии тангаш сарчин кард. Ҳамон касе, ки аввалин шуда «хазони дарахтатон безор кард» гуфта буд, фармуд: «Беҳуда буридед, ҳамсоя, сояи хуб дошт!» Бонкир ҳам баъди ҳавлиро гирифта аз нав сохтан дарахтҳои бузурги чормағзу сафедорро бурид; лек мисли Ботурбой азоб накашидааст. Чунки ягон кас надидааст, ки ў ба дарахт наздик омада бошад. Хизматгорон ё мардикорҳо – як бригада як арраи барқӣ оварда ғир-ғир буриданду ҳезум карданд. «Белорус» омада ҳамаро дуду бўй гиронда кундаҳоро бо решаву хоку покаш бардошт. Аммо кундаи дарахти Ботурбойро канда намешавад. Ният дорад, ки рўяшро хаспўш ё хокпўш кунад; ҳамин ки як ё чанд умри одамӣ гузашт, худаш пўсидаву тосида, кирм бароварда ҳамвор шуда меравад.
Ҳоло мўрчаҳо тухм гузоштаанд дар ковокиҳои пўстлохи он.
Ана ҳамин Бум, ки ҳоло сурўди якнавохти хешро мехонад, гоҳи буридани дарахт, аз душоха парида ба ин ободиҳо омада буд, ҳуҷраи ҳавоии кранчиро хуш кард. Зеро аз ин баландӣ, қариб тамоми шаҳр метобад ва кохи «Харчанг» -у «Замир» пасти паст менамояд. Ба бинои «Харчанг» беморе омада сиҳат шуда нарафтааст. Ё мурдаашро бурдаанд ё «табобатнашаванда; илми тиб дар назди чунин маризҳо оҷиз» гуфта, ҷавобаш додаанд. Бинои «Замир» як бало карда касони аз балоҳои осмонӣ гирифтори маризи дил шударо чанд рўз табобат мекунанд; сиҳҳат шудааш ба по мехезад, ноилоҷаш ҷон ба ҷонофар месупорад. Ҳамаи ҳаминро одамон медонанд; «шояд!» гўён меоянд ба умед. Дар маҳаллае, ки Ботурбой зиндагӣ дорад, таваллуду марг баробар аст. Шояд таваллуд зиёдтар бошад, чунки бисёриашон пару бол бароварда ба дигар мамлакатҳо рафта, ҳамон ҷо хок мешаванд.

пешина
аз 378
навбатӣ