Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хаёл кард, ки аз дами исавии ў чунин рухдод ба миён омад. Валек исонафас зери обу арақ монда ва дамаш гашта, базарба об бар сару рўйи мурда мезад; табассуми лабонаш шикаста буданд. Гоҳ-гоҳ дуздида ба келинд менигарист: «Шумо зиқ нашавед, келинд!» Табиб ғанбор гашта буд, аз дилу мағзи сараш ҳазору як андеша мегузашт, чунон ки рўзи ба чунин ҳол омадани «занак» ҳамин хел ташвиш дошт: «Кас бо фиребу найранг ба ҷое нарасад; ин фикри ман не, мардум чунин хаёл доранд, ки аз барои пул найрангҳо мекунам: як навъ бизнес». Ў дар замони Шўро чунин корро накарда, ба сиёсат часпида буд; мамолики Шарқро гашт; дар ҷангҳои кишвари ҳамсояву ҳамзабон ширкат варзид; ордену медалҳо дар суратҳояш қатор...як одами намоёни давлатӣ; мехўрдагиаш дар пешаш, намехўрдагиаш дар пушташ, чаро ба ин роҳи номаълум рафт. Нафаси Исо мурдаро зинда мегардонд (афсона албаттаву), чаро нафаси ин табиби навбаромад зиндаро мурда мегардонад... «Худоҷон, нишон надиҳӣ! Ман дар роҳи худат ин корҳоро мекунам, то бо ояҳои фиристодаат беморонатро дармон бахшам. Маро чӣ зарурате, ки тамоми рўз куфу суф кунам ва тамоми шаб тўмору кўрхат нависам...»
— Чо кард шумоя, Ботурбой?
— Напурсед... Онема дидам.
— Ҳафт қабати замину ҳафт қабати Осмонро давр зада баромадам.
— Биҳишту дўзахро ҳам?
— Ҳоо... Ҳама шиносҳоро дидам. Зиндагии он дунёйӣ ҳам ҳамин хел будааст: касе дар ин дунё шоҳ бошад, дар он дунё ҳам шоҳ. Касе дар ин дунё бечора бошад, дар он дунё ҳам бечора.
Падару модарамро на дар биҳишт пайдо кардам, на дар дўзах; Дар аъроф пайдо кардам, ки ҳайрон; дар ҳамон ҷо ҳам роҳи зиндагиро наёфтаанд.
— Дидед, табаррукӣ шудед, Ботурбой. Акнун хонаҳоро дурусттар орову торо диҳед, мардум ба зиёрататон меоянд.
— Не, рафиқ... ба хонаи мо касе намеояд; ҳатто дар рўзҳои ид ҳам касе намедарояд.
— Худам гирифта меорам. Ин хел нагўед. Ҳоло он қадар одам ояд, ки ҳавлиатон набарад.
— Ҳавлии мо се қадам бару чор қадам дарозӣ дорад. Як кат, гўем...
— Парво накунед, васеъ мешавад. Ману шумо барои келинд бояд ҳама корро кунем.
Муддате хомўшӣ ба миён омад. Фолбин-табиб чӣ рамуз гирифт, ки сурфид ва риштаи гиреҳзадаро чун медал бар гардани Ботурбой андохт; сонӣ ҳамчунон корро бо Саврӣ кард. «Аз гарданатон намегиред.

пешина
аз 378
навбатӣ