Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Саврӣ андаке чап гашта ду чашм аз шў намеканад, ки як бор чашм ба чашм шаванд; ў чашмакӣ занад, ки табобат нагирифта раванд, аммо шў гирифтори ҷодуи ў, вуҷудаш гўшу ҳуш, ба табиб дода шудааст.
— Зан чандта?
Ботурбой ба табиб нигарист; ба зан нигарист, вале ҷавобе гуфта натавониста, китфон дар ҳам кашид.
«Фаччак!»
Ба ишораи лабу абрў ва рўй турш кардан фаҳмониданӣ шуд зан ва бо сар имои «Мебуравем!» низ кард.
Аммо Ботурбой марди яклухт, ба умеде, ки дарди дасташ монад ва дар дилаш мадор ояд, хешро ба нодонӣ зада, ба гуфтаҳои ў сахт диққат медиҳад.
Табиб аз ҷевон ду калоба ришта гирифт: яке сафед, дигараш гулобӣ. «Сафедаш барои почо; гулобиаш барои келинд. Қоидааш ҳафт қабат мекунанд. Сонӣ дуъо хонда суф карда, гиреҳ меандозанд. Дар гардан овезед. Шумо ҳам, келинд. Шунидед, ки ман чӣ гуфтам ба одамон? Шунидед. Пагоҳ чаҳоршанбегии бузург. Қасида мехонем: «Чилқоф», чиҳилу ҳашт бор. Дастархон карда меоред; ҳафттойӣ нон; дутояш барои ман, панҷтойяшро гардонда мебаред. Дар як баклашка об; дам меандозем. Дар хона менўшед. Имшаб суфра мекушоед. Чанд кел орд мемонед. Пагоҳ хеста нигоҳ мекунед, ки пайи панҷа ё... ҳар чӣ, ки бошад, омада мегўед. Хобатонро ҳам мегўед. Бисёриҳо маро хоб мебинанд...
Пагоҳ тўмор медиҳам; бозубанд ва маслиҳати зиёд. Ҳамаашро бе «чуну чаро?» бояд иҷро кунед... дастатонро ба ман диҳед. Дасти чап гуфтед-а?»
— Ҳамин хел, рафиқ...
Ботурбой нигоҳ карда истод, ки табиб дасти чапи ўро гирифта молид, баъд нарангушт ба раги набз пахш карда се бор ба тарафи оринҷ лағжонд. Ба назари бемор хунаш пас рафт. Муддати зиёд нагузашта, ғарорааш омад; арақ пахш кард, бемадор шуд ва чашмонаш сиёҳӣ зад.
— Ман бояд дароз кашам...
Ба диван дароз кашиданӣ шуд ва сараш ба девор зад.
— Дард рў зад! – гуфт хандида ва занаки ланг аз айвон тозон омада ба рўйи ў оби сард пошид:
— Як занак ҳам ҳамин хел шуда буд. Қариб мурда буд-э... Поён фуроварда, чӣ миқдор об зада, чӣ қадар об пошида, ба ёрии таъҷилӣ занг зада будем, ки... хайрият, ба худ омад. Тарсонд; сахт тарсонд; ман-ку не, табиб сахт тарсиданд. Келинд, шумо натарсед, мардакатон нағз мешаванд.
Ранги рўйи Саврӣ пахтакўҳна гашта буд. «Табобатат сарата хўрад!» аз дил гузаронд, аммо гуфта натавонист. Зеро ҳолиё табиб ҳукми арбобро дошт ва бо ў баҳс кардан ё гуноҳ ба рўяш кашидан суде намебахшид, зеро сабаби ин корро танҳо ў медонист; аммо Ботурбой маънии хуни шоҳрагро бозпас равона карданро сарфаҳм нарафт.

пешина
аз 378
навбатӣ