Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Ман даруни «бало» будам, почо! Шумо эҳтимол кокули Саврихонро аз пушт дар парта мебастед; ё бо кокули духтараки дар паҳлўяш нишаста? Рост мегўям.
— Не, ман шўх набудам, рафиқ... Мудом ба ў менигаристаму чашм пеши поям медўхтам. Ҳеҷ чиз гуфта наметавонистам.
— Мана бен! Ман дар ҳар ҳолат як бало карда нонамро ёфта мехўрам. Лекин ғами халқро хўрдан лозим. Дар замоне, ки мардум ба ҷойи нон дору мехўранд ва ҳама гуна мағозаҳо дорухона шудааст, як кас-ним кас лозим, ки пушту паноҳи бечорагон бошад; бо андак чиз беморонро доруву дармон бахшад. Худат дидӣ, ки онҳо барои дору пул намедиҳанд, дору ҳам намехўранд. Дуову даму нафас. Баъд ин касалиҳо якбора назди мо намеоянд: аввал тамоми дармонгоҳҳоро мегарданд, дар бемористонҳо моҳҳову солҳо хоб мераванд; муолиҷаи бенатиҷа, ки ба дилашон зад, сонӣ пеши мо меоянд. Ҳў мефаҳманд, ки роҳи он тараф наздик мондааст. Баъд гила, ки табиб сиҳҳат карда натавонист. О мурдаро кӣ зинда кардааст? Хуб, ҷавоб! Ҳама гапҳои маро нарезонидаву начаконида ба келинд гўй. Сонӣ пушаймонӣ суд надорад. Ҳама гуноҳро ба гардани мушҳо бор карда намешавад. Мушҳо доштаи камбағалро ғорат кунанд, вале аз хўрдани моли доро тарсанд, ки заҳр дорад. Ва ё чунон сахт, ки дандон кунд гардонад. Зеро дороён появу девори хонаашонро он қадар бо оҳану битон васл кунанд, ки бо оҳанбуру болгарка вайрон карда нашавад; чунки онҳо хешро сутуни олам пиндошта, барои як рўзу ду рўз не, балки қасрҳои абадӣ созанд. Ва онҳо ҳама умр аз боби ғиём ва нигоҳ дошта тавонистани молу мулк фикр кунанд; камбағал – ҳозирбин; ҳамин рўзашро фикр кунад; ояндаро худо подшост, гўяд.
Валекин субҳи дигар фолбин-табиб дари дармонгоҳро кушода даромад; он ҷоро нашинохт: чунон ки шубоне як моҳ рамаро дар девлох ҷой карда йему хошок дода бошад; чиркин, хоку хокрўба, пуску порў, лашу луш ва ҳар партобе дар партобгоҳҳои шаҳр бошад, дар ин ҷо низ буд. Ў нўг-нўги пой – дуздона ба хонаи хеш даромад; нашинохт ҷойи сеансгузарониро, ки дар ду хона ва айвони барқаду долону ошхона мардумро ҷой карда, аввал вазифаи хонагӣ мепурсид: «Кӣ маро дар хоб дид? Ту! Ту! Ту! Боз кӣ?
Кӣ Хизрро дид? (Касе ҷавоб надод.) Хайр, нағз! Маззаи сурати маро равондед. Ҳама шираашро танатон ҷафида гирифтааст. Бенур шудаст. Имрўз чаҳоршанбе-а? «Чилқоф» мехонем. Ҳама гуфтаҳоро овардед? Боракалло! Даҳони зарфҳоро кушода монед!» Ва баъди як чойник чойро тамом кардан боз ҳарфҳои зиёд мегуфт: аз сиёсат; ахбори ҷаҳон; вазъи кишвар; пешомади корҳо; аз вазифа сабукдўш кардан ва оқибат бемориву беморон: «Чашмҳоро пўшед! Ягон кас чашм накушояд! Агар кушояд, қасида фоида намекунад! Ихлос!
Ихлос! Ихлос!» Ва ҳама рамаи шаби дароз чарида барин, инак зери офтоби тамуз дароз мекашанд. Киро хоб бараду кӣ хоб бинад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор