Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Агар фариштаҳо омада ягон ҷоятонро дасмол карда гузаранд, ҳайрон нашавед. Онҳо шуморо муолиҷа мекунанд. Шабҳо дар хонаатон меоянд; дар хоб ё бедориатон ҷойи дардатонро масҳ мекунанд; парешон нашавед, натарсед. Ягон чиз нагўед! Фоида дорад...» Аммо ҳоли имрўзаи хона ўро сахт парешон кард: «Чӣ камие гузашт?» Зеро аз суратҳои зебойи ў як нусха ҳам намонда буд: ҳамаашро мушон реза-реза карда, рўйи ифлосиҳо чун намак ё қаланфур пошида буданд; калобаҳои ришта низ гўё бо теғи алмос бурида ва пошида шудаанд; тўморҳо, кўрхатҳо, радномаҳо ва ҳатто китобҳои дар ҷевон гузошта ё ягон кас тақдимкарда ҳам хоида ва ҷиғда-ҷиғда буданд. Рўйи курсиву миз пур аз доначаҳои ба донаи ҷавдори лалмӣ монанд, ки ранги мушро дорад.
Чунин доначаҳо андаруни пиёла, коса ва табақу тақсимчаҳо ҷой доранд ва чойи хушк дар фарши ошхона паҳну парешон, чунон ки бо даст пошида бошанд.
Мадори фолбин-табиб хушк шуд. Ҷойи тозае намеёфт, то нишинад; зеро рўйи мизу курсӣ, гилему кўрпачаҳо банд буданд аз ифлосӣ. Кўрпачаҳои зери пойи меҳмонон қарқбаста низ дарида ва пахтааш кашолу паҳну парешон гашта буданд; яқин пунбадона хостаанд аз миёни пахта. Ё аз бахиливу қасд корнома кардаанд.
Ҳаждаҳи табиб ба замин зад; саҳл монда буд ба ҳолати онрўзаи Ботурбой афтад. «Дузди ашаддӣ ҳам то ин андоза ноинсофӣ намекунад». Тирезаҳоро кушод. Бо кафи даст арақи пешонӣ ва паси гарданро рўфт ва қалами мушҳо арракардаро гирифт, коғаз наёфт, ки «Табиб – бемор!» навишта пушти дар ба ҷойи лавҳаи «Беҳтарин табиби Халқии сол» овезад. Дарро аз нав қуфл кард ва баромада дар хараки аз тани як дарахт ба танаи дарахти дигар устувор карда нишаст. Ҳар кас ояд, «Калидро гум кардам» мегўяд.
Аввал ҳамон зани ланг омад. «Надаро!» гуфт табиб. «Баъди ҳама омада рафтан, даромада то фардо саҳар хонаро тозаву озода мекунӣ; дарро аз дарун қуфл карда шин. Аҳвол вазнин. Касе чизе нафаҳмад. Ман мебуравам. Ту ин ҷо шишта, ба омадаҳо мефаҳмонӣ, ки калид гум, фардо биёянд.
«Ман нагуфтам, ки шумо – назаркарда! Назари ҳақ расида ба шумо, Ботурбой!» Баъди дар девор ё тани дарвоза пайдо накардани тугмаи занг ва ё надидани ҳалқа, кўбаи дарвоза як бор «ҳўй!»
гуфт; номашро нагирифта ба тавраш соҳибхонаро фарёд кард, хеле музтарибҳол назди дарвоза истода, ба чӣ дарвоза, чӣ дару девор, чӣ гуна ҳавлӣ будани он зеҳн монд: «Ботурбой ростгўй будааст; дарвозааш ба худаш монанд...» аз дил гузаронд ва паллаи як тарафаш болойи чанд хишт гузоштаро дошта, ҷунбонида буд, ки шараққос ба як тараф афтид. Аз садои дарвозаи тунукагӣ дари аз дарвоза кўҳнатару шалақ заминро харошида кушода шуд ва монанд ба Ботурбой як марди гарангнамо бурун омад.
— Лаббай?

пешина
аз 378
навбатӣ