Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Аммо дар маҷлис тасдиқ ё рад нашудааст ин пешниҳод. Шоҳ амри дигар дод: « Сари Бурҷи миллат бурида, бар ҷояш эмблемаи Мушгири болкушода ва Мори Афъӣ нигошта шавад, ки Мушгир дар чангол ва Мор дар даҳон муш дорад!» Меъморон, муҳандисон, ҳайкалтарошон ва донишмандони бузург бояд дар ин кор саҳмгузор бошанд.
Амри шоҳ воҷиб: шуд ончунон, ки шоҳ фармуда буд. Шабу рўз кор ҷўшид. Мушгир ба уқоб монанд буд ва Мор ба ресмон; аммо аз муш танҳо думи дароз менамуд.
Вале он ҷо дар қафас кор то ҷое расид, ки ягон муш намонда, заминро кофта, бо мушроҳа гурехтаанд. Донишмандро одамони мусаллаҳ дошта ба ҷое бурданд, ки дубора бо шоҳ рў ба рў наомад.
(Тақдири донишманд... гўё душман будааст) Аммо Росу чунин таҷрибаро баҷо овард: ў мушҳоро ба мушхўрӣ тарбия накард, балки одамхўрӣ омўхт. Чун мушони гурусна ба мубориза бархостанд, Росу зочаи аз «Олами Кўдак» дуздидаро гўшт ҷо карда пеши онҳо андохт. Мушон бўйи гўшт шунида, дарриданд зочаи латтагиро ва хўрданд. Сонӣ аз Морг мурдаи тифли бесоҳиб оварданд. Мушони бадомўз сурату суроби одам бинанд, безобита мегаштанд... Ва рўзе Росу фармуд, то мушони одамхорро бурда ба шабистони Ҷаҳонгиршоҳ андозанд. Ончунон карданд. Мушони заҳрогин якбора ба рагҳои хунгарди Шоҳ дандону заҳр зада, фармудаи мирашон ба ҷо оварданд...
Оварданд, ки Росу Сепоро ҳам дошта, пойҳои сиҳҳаташро низ арра карда, гўш ба гўш – аз даруни сар сим гузаронида дар дарвозаи зеризаминӣ кашол кардааст; ҳарчанд ў почак занад, пояшро касе намедидааст; танҳо пош хўрдани хун аён будааст.
Росу аз гоҳи ба тахт нишастанаш то имрўз дар ягон намоиш ё қатлу куштор ширкат наварзидааст; имрўз ба тамошои ҷосускушӣ омад, то ба чашми хеш бинад, ки нохалаф, гоҳи ҷонканӣ ба кӣ монанд мегардад. Даврони кўдакиву ҷавонӣ ба ҳар намоиш мерафт: ду саг ҷанг кунад; ду хурўсро ҷанг андозанд ё бангиҳо вартиши даруни остинро миёни тамошобинон раҳо карда пар-пару нўлу панҷа задани онҳоро дида завқ баранд ва ё кабкҷанги пулакӣ шавад, аз тамошо намемонд; аммо чун ба мирӣ расид, аз ҳама нағмаҳои шайтонӣ рў тофт; ҳатто ба тамошои бузкашӣ нарафт.
Лекин усули қатли танҳо ба худаш хосро то авҷ расонд: мушхўриро. Чун донист, ки ҳар чӣ бисёр шавад, хор шавад, аз ин усули баровардааш покӣ мурда буд. Вагарна ҳоло Сепо зочаи кўдакон барин, ки дар бозору мағозаҳо барои фурўш овехта мемонанд, парчи дарвозаи арк намегашт. Хоида мехўрд онро Росу. Аммо кароҳатнок баровард ва ба ҳама фаҳмонд, ки аз чунин мараз ор кунанд; ба рўйи чунинон нанигаранд, балки бинанд, якрўя шуда гузаранд ва оби даҳонашон расад-нарасад «туф!» карда гузаранд сўйи ў. Ў дид, ки чун чашмони Сепо ва ҳоло бепо, сўяш милтос мезананд, чун алмоси пеши шуъои чароғ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор