Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

пайк омад, ки Сепо аллакай гурўҳ ташкил карда, яроқнок шудааст; худро сарфавҷи мутлақ хонда, ба ғоратгарӣ машғул аст!
Дар тани Росу ларза афтид. Амр кард, ки Горд ташкил кунанд:
«Горд танҳо ба нобуд сохтани дастаи Сепо машғул бошад!»
Фавҷу даставу гурўҳҳо зиёд гаштанд. Онҳо аз Ҷанги Нафс яроқу аслиҳаи ҷангӣ гирифта буданд; мусаллаҳ ҳастанд. Аз нақшаи чунин ҷанги эълоннагашта Ҷаҳонгиршоҳ хавф бурд, ки задухўрдҳо дар сарзамини ў ба миён меоянд, хоҳ-нохоҳ ҳама ҷо месўзаду валу вайрон мегардад. Чӣ кор кардан рўшан нагашта, ташкил шудани дастаи интиқомҷўйи «Сепо»-ро шунида, дастаҳои ғоратгар пайдо гаштанд, ки худро аз итоати Сарфармондеҳи мамлакат берун медонистанд ва барои ба даст овардани ҳукумати муваққатӣ ҳар кадом ҷудогона амал мекарданд. Аммо раёсати ройсозии шоҳи рўйи Замин рой доданд, ки Шоҳи Олам бо яроқ ҷанг накунад; зеро бадномӣ меорад. Чанд дастаро ба боргоҳ хонда, давлатӣ ё ҳукуматӣ гардонад ва имкон диҳад, ки худсарона рафтор карда, дар пеши назарашон ҷонвари пайдо шударо нест кунанд; чашми ҳама тарсида худ аз худ оромӣ мешавад ва онҳо пирўз мегарданд.
Аммо як хондаи доно арз дошт, ки бо шоҳ сўҳбати якка ба якка карданист. Шоҳ розӣ шуд. Аммо дар пасу пеш ҷондоронро барҷой нигоҳ медошт ва он донишмандро пазируфт. Пурсид. Донишманд гуфт: «Маслиҳати ман ин аст: «ҷанги беяроқ бояд кард». Шоҳ сар андохт: «Маро масхара мекунад. Ҳоло замони ҷанги беяроқ нест.
Зўртарин мағзҳо ва зиёдтарин пул ба ихтироъу сохтани яроқу аслиҳаи одамкушу ҷаҳонсўз сарф шавад...» «Агар мақсад несту нобуд кардани мушон бошад, онҳоро бо дасти худашон бояд барҳам зад: ҳоло на ба ҷанг, балки ба доштани мушон камар бояд баст...
онҳоро дар қафасҳои танг даҳ-даҳ нигаҳ бояд дошт; гурусна бояд нигаҳ дошт, то замоне, ки онҳо гушна монда якдигарро хўранд.
Зўрҳоро гирифта боз чанд рўз гурусна бояд нигаҳ дошт ва баъд дар майдони ҳарб раҳо кард. Чун онҳо дар ин муддат дар қафас ҷуз мушхўрӣ ҳунари дигар надоштанд, дар майдони набард ҷуз муш чизи дигар намехўранд...»
Ҷаҳонгиршоҳ чизе нагуфт. Боз ройсозӣ кард. Донишмандон баъзе гардан даруни гиребон кашиданд, бархе сар ҷунбониданд, чанде ба тасдиқ сар афшонданд, ба ҳамройӣ чаппак заданд; вале Ҷаҳонгиршоҳ хомўш буд. Андеша дошт, ки он мушҳои наррадум анойӣ нестанд. Аз рўйи шуниди ў Росу низ фақат муш мехўрад ва ҳазор-ҳазорро дар ин роҳ омода сохтааст. Дудила шуд ў. Аммо намедонист, ки Росу ба муқобили онҳо не, бар зидди Сепо хестанӣ.
Валек Сепо аз қапқонмонда домангир нашуда, ситеза ба Росу дорад, ки бар қасди ҷони ўст. Ҷосусҳо сўҳбати Росуро ба ў ва гуфтаи ўро ба Росу намеоварданд. Агар оварда буданд, ҳоло луқмаи хоми Росу гашта буд; ҳарчанд ки ў тавбаи мушхўрӣ кардааст. Ҷаҳонгиршоҳ якбора амри мушдорӣ надода, оҳиста касеро фиччонд, ки даҳ муш дошта оранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор