Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Чунон ки худатон мегўед: худованд моро барои меҳнат наофаридааст.
— Каллаи ту кор намекунад! Он чизҳо аз азал аз они моку! Ба додаи худаш қаноъат кунӣ, танҳо шикамат сер мешавад.
Замони Тараққиёт. (Буд ҳамин хел замон, ҳоло таназзул омад.
Мо пешрав мепиндорем.) Аз ҳар гўшаву канори Гетӣ меҳмонҳо меоянд. Онҳоро бо чизҳои Дақёнусӣ қоил карда намешавад.
Мо бояд корҳое кунем, ки Оламро дар ҳайрат гузорем! Масалан мо бояд бар гардани Гурба зангўла овезем ва аз омаданаш огоҳ гашта, эҳтиёткорӣ кунем; дар ҷойҳое сар халонем, ки Гурбаи Ало сар дароварда натавонад.
— Сад дар сад гапатон дуруст. Фикри тоза. Лекин, Олампаноҳ, ҳамон зангўларо кӣ ба гардани Гурбаи Ало меовезад?
— Ман не, албатта. Зеро аз бўйи бади Гурба дар танам хоришак медамад.
— Ин хидмат ба мо расад. Сарбозонро мегўям, чаҳор дасту пойи Гурбаро медоранд, худам зангўларо ба гарданаш меовезам.
— Ин хел бошад... ин хел бошад... ин хел бо-оша-а-ад... Не, набур сарашро. Мон, зиндагӣ кунад. Вай ҳам мисли мо мехоҳад, ки дурўдароз зиндагӣ кунад; мамлакаташро обод гардонад... Вай...
чӣ буд? Ман муроди туро медонам: аз ҳамон савганд ёд накарданат маълум: гўё маро дўст медорӣ, сахт эҳтиром мекунӣ; бе ман зиндагӣ бароят ҳаром; аммо қасам намехўрӣ. Баҳонаат чунин: «Рафту дар хоб ё мастӣ ё беҳушӣ ягон чизро риоя карда натавонам, ҳам қасам мезанад ва ҳам... Ҳамин хел буд?
— Бале, Олампаноҳ! Аммо ҳамааш ба хотиру бузургии шумо буд! Агар шумо набошед, мо дар ин ғарибиҳо чӣ кор мекунем?
Мо ба пойи шумо омадем; мо шуморо сарвари беназир дониста омадем, ки шумо ҳама корҳоро барои Ватан, ба хотири миллат, баҳри шарафу шўҳрат мекунед. Агар кишварамон сериву пуррӣ мебуд; ҷангзада намебуд; халқи бенаво азоби гўрро надошт, пойи мубораки шумо ба ин ҷо намерасид. Ин қадар талаф намедодем.
Ин ҳам як сў. Лекин расонаҳои ахбор расонанд, ки Ҷаҳонгиршоҳ зидди лашкари мо тадбирҳое андешад, то худамонро бо дасти якдигар нобуд созем...
— Чӣ хел?
— Ман ин хабарро ба шумо нарасонидам, ки шояд дурўғ бошад. Лекин санҷидам, ки рост: аллакай онҳо мошинҳои мушдорӣ сохтаанд ва мушони баднафсро зуд дошта нобуд мекунанд. Бино ба гуфтаҳо дастгоҳи консерва ҳам сохтаанд. Зеро фермаи ҳайвон доштаанд, ки он ҳайвонҳо танҳо консерваи муш мехўрдаанд.
— Фермаи «Гурба»-дия!
— Ҳамин хел барин. Мо бояд пеши роҳи чунин интиқомро гирем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор