Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

— Эълон кунед, ки то ба худ омаданамон мушҳо нафси хеш бишкананд! Ягон муш беиҷозат аз даргоҳ бурун наравад. Аз гушнагӣ мурад ҳам, наравад. Баъд бо андоза хўрок медиҳем!
Лашкари Росу зиёда мегашт. Зеро дар мулк гурба намонда буд, ки муш дорад; аз мамолики дигар гурба оварданд. Онҳо тамоми роҳ гурусна омада, дар орзуи шикамчаллонӣ, баробари мушро дидан чилчароғ аз сарашон меафтид ва ҳар муши пеш омадаро нўши ҷон мекарданд ва дере нагузашта заҳролуд гашта мемурданд. Дар ин муддат сагон шикорӣ шуда буданд; мушҳои ношиносро рост ба думи қарқараашон нигоҳ карда пешандоз то даҳони сўрох мебурданд ва ба чанг оварда натавониста, олуғда гашта то ҷое хонаи муш мекофтанд ва аз шишамайдаи як вақтҳо рехта ва симу мехи зангзада кафи пояшон хуншор гашта, чангҳо шикаста, лангон-лангон кина гирифта, аз ғазаб муши худӣ ё бегонаро бефарқ дошта мехўрданд; низ мемурданд. Ин дардро баъзе «вабо», дигаре «офат» ном дода буданд. Вале касе намедонист, ки ин чист. Сосиологҳо майна об карда, ба хулосае омаданд, ки ин «нафс» аст: агар мушони бегона ин ҷо ризқҷўйӣ намеомаданд:
агар гурбаҳо муш намехўрданд; агар сагҳо мушу гурба тановул намекарданд; агар бадмастони қиморбоз ва бангиҳои нотавон саг намебалъиданд ва агар хок одам намехўрд, ташвише набуд.
Нафс аст, ки мушкилот зояд.
«Муш аз муш нагурезад. Як бори дигар санҷед. Қафасҳоро аз нав созед!» амр кард Ҷаҳонгиршоҳ. Бозсозӣ сар шуд: қафасҳои барои мурғ сохтаро афканда, мушҳоро дар қафаси булбул ҷой карданд. Ихтироъкорон чунон сохтанд, ки дари қафасро кушода мемонданд; дар пешгаҳаш ягон чизи бўйгирифтаро мегузоштанд, зеро бўйҳои дорўҳо он қадар бинии мушҳоро бадхў карда буд, ки ҳар гуна бўйро шунида ё фарқ карда наметавонистанд. Ихтироъкори дигар фармуд, ки дар як қуттии панҷарасохт чормағз, бодом, мавиз ва қурут гузоранд. Мушҳо аз он ҷо бозёфтро гирифта натавониста тамоми шаб овора мешаванд ва гирд меоянд барои бардошта бурдани қуттича; он гоҳ дари қафас худ аз худ пўшидаву қуфл мегардад ва мушҳо он ҷо мемонанд. Маслиҳат хуш омад, ончунон карданд. Ҳамчунон шуд: қуттича андаруни қафаси булбул монд. Мушҳои ба дом омада, фурсат пайдо карда даст дароз мекарданд; ҳама чизро ба даст оварда наметавонистанд.
Олуғдаву ғамӣ мегаштанд ва оби даҳонашон мерафт барои ғизо.
Чун шикамашон нағора менавохт ва дилашон ба ғизо гум мезад, ба ҳамдигар дармеафтоданд. Чашмон сўйи қуттичаи ғизо ба даҳони якдигар рафтанро нафаҳмида мемонданд. Зўр нозўрро мехўрд; мушхўрии зўр, айнан усли мушхўрии Росу буд. Дар як қафас якто ё дуто муш мемонд. Ва зўр мезаданд, ки қуттичаи оҳаниро дарранд, наметавонистанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор