Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Чун қиёми гуруснагӣ расид, онҳоро пасу пеш раҳо карданд.
Онҳо хеле лоғар; вале нерўманд ба хафолҳо рафта мушхўрӣ мекарданд. Муҳориба сар шуда, худи Росу ба майдон даромад; низ мушхўрӣ кард. Рўзноманигорон аз майдонҳои муҳориба гузориш медоданд. Ҷаҳонгиршоҳ ба худ омада, номи он донишманди дуздиву рустӣ чун хоин ба қатл расидаро пурсида, «Қаҳрамони Ватан»
эълон кард. Олимони ҳайвоншинос рисолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ таълиф карданд.
14
Дарвозаи шалақи тунукаро, ки ягон бор барои даробарои мошин ё аспу ароба кушода нашуда буд ва дар он саҳни ҳавлӣ мошин ҳам намегунҷид ва агар зарурат афтаду ҳо он ҷо мошин дароваранд, ними мошин аз дарвоза берун монда дарҳо пўшида намешуданд; кадоме, шояд пеш аз харидани хоҳари Ботурбой ин ҳавлиро, барои зеби ҳавлидорӣ ин дарвозаро аз кадом партобгоҳ оварда, чунин амонат нишонда бошад. Дарвоза ошиқ, маъшуқ надорад. Бо сими яктораи арзизӣ табақаҳои дарвоза дар сутунҳои чўбӣ устувор карда шудаанд. Тори сим ёзида ё ҳалқааш лағзида, паллаи дарвозаро хамонидааст, табақаҳо бо ҳам намеоянд; чу ду марди ҷангӣ рў ба рў наомада, аз паҳлўи ҳам гузашта фўк ба замин задаанд. Чунон дарвозаи симпечи таърихиро канданд.
Нагузоштанд, ки сайёҳони хориҷӣ, ки ба ҳавас Сангистонро диданӣ меоянд, ба чашми худ бинанд, ки гузаштаи ин шаҳр чун буд?
Нагузоштанд, ки сурати чунин дарвозаро гирифта бурда ба маҷаллаҳои ранга чоп кунанд ва мамолики Олам аз аҳволи мардуми ин ҷо огоҳ гашта, раҳмашон омада ёрии башардўстонаро зиёдтар фиристанд ба мулки бебизоъат, то бозору мағозаҳо ба ҷойи марги муш дигар чизҳои барои инсон лозимиву заруриро ба фурўш гузоранд. Зеро ҳамон дорўҳои мушкуш ҳам чун ёриворӣ омадаанд.
Лекин сайёҳон дар телефонҳои дастӣ биноҳои баландошёнаи рангу бораш зиёди равшанро аксбардорӣ мекунанд, ки ин кишвари офатзада дар як муддати кўтоҳ чунон ба авҷи тараққиёт расид, ки биноҳои замонавиаш сар ба само месоянд. Оби фаввора аз баландии бино болотар мебарояд. Онҳо дурўғ намегўянд. Биноҳо чунон баланд, ки ба хонаи Ботурбой офтоб намерасад. Кадоме айб кардааст, ки табақаҳои дарвозаро дар девори ҳавлӣ такя нагузошта, бурда ба партобгоҳ бо қаҳру ғазаб андозанд; чунки дарвоза нишони боқимондаҳои замони гузашта. Нағз будеее...
тунукаҳои каҷу килеб нағз буд; роҳгузар дилу ҷигари аз беобӣ сўхтаи ҳавлиро намедид. Онҳо ба ҳамон дарвозаи таърихӣ одат карда буданд; нигоҳ накарда мегузаштанд. Гўё ҳар нуқтаву комаи сангзадаи онро медонистанд, барои ҳамин бепарво гузаро мешуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор