Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Саврӣ хонаро офтобзард чунон кард, ки дина буд.
Бошандагони гузари «Нонпаз» ба чунин корҳо ихлос доштанд.
Аввал баъди бомдод намозгузорони масҷид омаданд. Сонӣ ҳамсояҳо. Овози гов баромад аз дами дарвозаи бедар. Баъд садои одамӣ омад: «Ҷойи говбандӣ нест!» Дигаре маслиҳат дод: «Ресмони шохашро ба пояш печон!» Гововарда даромад:
«Зиёрат қабул!»
«Мурод ҳосил!»
— Э балее-балее! Ба он дунё рафта омадам, гўед: бале-бале!
Ҳамон ҷойҳо очаи маро дидед?
Ботурбой гулў равшан кард. Гумон надошт, ки чунин савол пеш меояд. Чун Полковник айнан ҳамин хел савол мешавад, гуфта буд, пиндошт, ки ин касро ҳамон одам фиристодааст. Гуфт:
— Дидам. Дар биҳишт. Кофта-кофта мардакашро ёфтааст.
Ҳардуяшон Лайливу Маҷнун. Лекин очаат касбашро напартофтааст: дар сатил ангишти фурўзон дорад, дар даҳони сатил корсони манту мондагӣ; айнан ҳамин ҷо барин дар даромадгоҳи касалхона менишинад.
— Уҳу-уҳу! –акнун пурсанда гулў равшан кард. «Бори дигар зиёрат қабул!»
«Мурод ҳосил!»
Садои гўсфанд баромад. Ботурбой аз ҷой намеҷунбид. Зоирон омада назди ў зону зада зиёрат мекарданд.
— Зиёрат қабул!
— Мурод ҳосил!
— Очаи маро дидед? Дар ҷаннатай, дар дўзахай?
— Андаруни дари ҷаннат... Вақташ хуш. Димоғаш чоқ. Шумоҳоро пурсид. «Ҳама нағз!» гуфтам. Хурсанд шуд. Гуфт, ки барои баччаҳо ҷойҳои нағзро банд карда мемонам.
Ва сўҳбат тамом нашуда садои хурўс баромад.
— Зиёрат қабул!
— Мурод ҳосил!
— Очаяки бечораяки маро дидед?
— Дидам. Як либосе дар танаш, ки дар ин дунё орзу мекард....
Дар абрў усма, дар чашм сурма, зулфҳо тоб додагӣ, паси гўш райҳон. Дар чорроҳаи ҷаннату дўзах меистад; аъроф мегўянд он ҷоро. Мардони суни ҷаннат рафта ҳам зиёрат мекунанд, мардони суни дўзах омада ҳам. Аз бетоқатиаш маълум, ки шавҳарашро ёд кардааст.
— Тақсир, дар ҳамон ҷо ҳам муш ҳаст?
— Неъ! Дар он ҷо муш нест! Чунки муш дар ҷойҳои ифлос, касиф ва ҳаром мешавад. Дўзахро намедонам-ку, дар биҳишт надидам. Биҳишт чунон тозаву озода, ки дар заминаш равған резад, лесам мегўйӣ. Медонед, сабаб чӣ? Дар ҷаннат нафс нест; хўрдан нест; ҳама чиз барои дидан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор