Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Биноҳои чандошёнаи зерхонаву тораш «мансарддор». Зеро ошёнаи аввал, дарвозахона, шипангҳо, катҳои чўбӣ – ҳама қабзафурўмон, арақ, кунгура сутуну синҷкории тарзи қадим ва ошёнаҳои боло сохти аврупойӣ. Ва даҳани Ботурбой воз мемонад; хўрданро фаромўш карда дида мечаронад ба сақфу деворҳо.
«Гиред, тақсир!»
Ин садо ўро ба худ меорад. Сар ҷунбонида, даст сари сина мебарад:
«Ишкам сер.»
Воқеан Ботурбой сер; аз оруқ доданаш аён. Боз тез-тез ба ташноб меравад. Ва сад кас дар хидмати ў: аз ду тараф кўчабоғи зинда кушода то обхона мебаранду меоранд; чанд тан дар даст дастоба, ки оби таҳорат додан ба кадоме насиб карда бошад; сачоқу дастмолро ҳам чанд кас медоранд ва дасти ў ба кадоме дароз шавад, он кас хушбахт ҳисоб меёбад. Хўрокҳоро пазандаҳои номӣ аз кишвари ҳамсоя омада мепазанд; не, онҳоро меоранд.
Зеро замоне онҳо дар ҳамин мулк умр ба сар мебурданд; мазмун, касе ба қадрашон нарасид, ки кўч бастанд; чунки дар он замон базму зиёфатҳои пурдабдаба набуд ва он таббохиҳо бо андак чиз хўрок тайёр намекарданд. Ҳоло базму зиёфатҳо осмонкаф, аммо нархи хона ҳам осмонӣ, зўри ҳар кас ба хариданаш намерасад.
Ин пазандаҳои номӣ аз сарҳад он сў нигарони талаб меистанд, ки кай рафта меоранд.
Лаълии кабоби кабку ҳулолу вартиш мегузарад; кабоби моҳиву мурғ мегузарад ва ҳар хўроке, ки пухта тавонанд. Ботурбой аввалҳо шикамсерӣ мезаданд аб-аралаш карда; ҳоло ки миҷозашон хунук шудааст аз таҳорат кардан, фақат месурфанду оруғ медиҳанд; боди аз шикам омадаро дулунҷа каме андар даҳон нигаҳ медоранд, лунҷашон, ки самбўсамонанд шуд, бодро пуф мекунанд.
Ба кати чорболини Ботурбой нишаста ҳар касро нишондан раво набувад; саволи ноҷо ҳам додан мумкин не. Ботурбой танҳо риш каф мезананду мадд мекашанд ва як-як месурфанд. Ба сўйи касе сар андозанд, он кас мехонад; готҳо барин як чизро, ки ба ҳама фаҳмо набувад, аммо оҳанги тасаллибахш дорад. Халқаш аҷаб махлуқ: ҳамчун шеру палангу юз. Ҳатто чун гургу саг худро ҳимоя карда натавонад; ба муқобили ситаму тааддӣ наситезад, нағуррад; дандон ҳам гиз накунад. Даҳон кушода, гўё дандон чашму гўш бошад, ба суханони ҳоким ё ба монанди ў вазифадорон нигарад ва сар афшонад: «Гапи шумо дуруст, раис! Ба номи худо, шумо барин одами поку ҳалол, ростқавлу росткор ва доно дар олами рўшан бошад!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор