Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Аз ҳамон дур дар курсии аз ҳама қафо нишаста бошанд ҳам, бо имову ишора муродашонро мефаҳмонанд: «Мо одами шумо, раис!» Раис ҳам навъе карда чунин гарданҳои каҷро мебинад ва фақат ба онон нигоҳ карда коғазашро мехонаду боз ба онҳо менигарад. Чун раисро иваз кунанд, барои онҳо аз ў бадтар, ифлостар, ҳаромхортар, муғамбиртар, ноинсофтар дар дунё касе нест; «панҷоҳ дирҳам диҳӣ ҳам, мегирад». Аммо чунин одамони худододаро пас аз маргашон бад нагўянд. Балки «ҷон»
ҳамроҳ кунанд ба номашон: «Ботурбойҷон» шавад. Чунки ин хел касон «деҳ!» нагўянд, худи мухлисон диҳанд. Мошин бурда, рўйи даст бардошта оранд, меҳмондорӣ кунанд, салла-ҷома пўшонанд.
«Дуо кунед!» гуфта ба ҷебакашон даст дароранд. Ботурбой даст ба дуо бардоранд: «Падару модаратро Худо раҳмат гардонад!» Баъзан мешавад, ки падару модар ҳам даст бардоранд. Пешдод шуд.
Ботурбой шабрав шуд; ҳафтаҳо ва моҳҳо намеомад. Саврӣ бо писаракаш калла ба калла монда хоб мерафт. Валек хоби модар намебурд. «Ҳамон камбағалӣ хуб буд». Ҳоло намедонад, ки Ботурбойро зиндагии қадим нағз буд ё ҳаёти навин? Ба ҳар ҳол агар ў ояд, мошин меораду мошин мебарад. Боре ўро Саврӣ дар телевизор дид; аз номи кадом ташкилоти хориҷӣ сухан мегуфт.
Саврӣ ҳарчанд диққат кард, ба ёд гирифта натавонист. «Такмил» гуфт, аммо зан вазифаи ин ташкилот аз чӣ иборат аст, сарфаҳм нарафт. Ҳамин хел як ташкилот, ки ба одамони бо он ҳамкорӣ мекардагӣ пару бол бахшад, то ба осмонҳо равад. Саврӣ чашмонашро муштмол карда дурусттар нигарист, ки хоб аст ё бедорӣ; он каси доно шўйи ўст ё ягон олим? Сарфаҳм нарафт, лекин чашмонаш хуб медиданд, ки Ботурбой аст. Касе ўро чунин ном намебурд, балки «Тақсир!» гўён муроҷиат мекард. «Шўйи ман Тақсир не, Ботурбой ном дошт. Кадоме монанд. Риш монанду ҳамин хел либос пўшанд, ба якдигар чунон монанд мешаванд, ки...» Ин бор чашмонашро сахт молид ва ба рўй об зада ҳушёр шуд... ва аз таъсири об бедор гашт, ки рўз шудааст.
Ва дар ин миён Фолбин-табиб ўро суроғ карда омад ва гиламанд ҳам буд: «Тақсир ақаллан ёд намекунанд, занг намезананд?»
Аммо Саврӣ лом нагуфт; агар низ гила кунад, ба муроди табиб мегуфт. Ба назари зан ҳама корҳоро ў ташкил кардааст ва мақсаду муродаш ҳам маълум; гўё Савриро равшан. Валек аён нест, ки дар дил ва сари ў чӣ ҳаст, ба кадом ният чунин намоишро сохт? Ин ҳарф замоне буд, ки дарвоза нашинонида буданд. Ҳоло ў дарвозаи оҳании ҳанўз ранг накардаро дида, паси он ҳайрон, ки тукмачаи зангро пахш кунад ё на? Зеро он тарафи дарвоза касе ё чизе наметобад. «Занг занам, тақсир ҳамин ҷо бошад, чӣ гумон мекунад?»
Занг назада рафт. Аз пеш мошине омад, Ботурбой-тақсир дар пеш нишаста буд. Мошини Фолбин-табибро нашинохт, ки мошинашро надошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор