Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз байни шумо ҳам ба қарибиҳо шоҳ баъзеҳоро мушовир гирад. Чунки мушовирони пешин мазза накарданд. Ҳама қариб саҳройӣ буданд ё тасодуфӣ. Карру фарр доштанд ва соҳиби дастгоҳ шуданд. Шоҳ зуд аз қадаммонишон дарёфт кӣ буданашонро; зеро гоҳи пойгузорӣ шимашон дир-дир меларзид; аломати ноустуворӣ, нобоварии соҳиби пой буд. Мо ҳоло худамонро нашинохтаем; то худро нашиносем, одам нашавем. Шумо медонед, ки мо кӣ?
Мо – каёнӣ, ориёйӣ, зардуштӣ, искандарӣ, суғдӣ, исломӣ, яъне, араб, муғул ва тоҷик; аз хуни Одам, Ҷаму Сиёҳваш, Исройил, Искандар ва беҳисоб хунҳои донорҳои номаълум. Худо донад мо кӣ. Тадқиқотҳо идома доранд, оқибат рўшан гардад, ки мо
– кӣ. Лекин бисёр мушкил; чунки мо худро нашинохтаем. Дар чунин вазъу ҳол одам номаълум гум шуданаш ҳам мумкин. Худо нигаҳдор. Дар даруни шумо ҳастанд касоне, ки ба мартабаҳои баланд расанд мисли Ботурбой – Ҳазрат. Баъд моро фаромўш накунанд. «Не иншоолоҳ!» бедор гашту садо дод пири лоғар ва ҳама чашмҳо пўшида хандиданд. «Ин одам дар асри гузашта ба мағозаҳо калбаса тақсим мекарданд. Ба умед, ки мошини бурдаро баргардонанд».
— Чашмҳоро пўшед!... Суф! Суф! Суф!
Сонӣ ҳар беморро бар курсӣ нишонда корд бар гулў мезад; ғамбода дорад ё на? Ба тахтапушти яке як мушт ва ба дигаре чанд мушт зада «куф!» гуфт ва се коғазро гирифта ба кисаи хўрҷинаки курта зад: «Дафъаи оянд, сурати домулло Айниро меоред.
Медонед-а барои чӣ?» «Медонем... намедонем!!!» Ҳама медонед:
инфилятсия! Ба даҳу бист касе чизе надиҳад. На танҳо одам, пул ҳам ҳеҷ шуд. Ба бозор як киса пул баред, як киса харид кунед. Ин батар аз «вабо»-и муш. Агар зиндагӣ дар рўйи замин хуб мебуд, мушон ба кишвари мо меомаданд? Боз хоб дида, ки ин ҷо мардум коҳ мехўранд. Агар дар ин мулк сериву пурӣ ва осудагӣ мешуд, ҷўгиҳо ба кишварҳои дигар рафта, аз номи миллат гадойӣ мекарданд? Не абатта. Агар қиматӣ намебуд, ман то охир як коғазӣ мегирифтам ва ҳатто дар роҳи лиллоҳ кор мекардам. «Бечораи Исо! Мурдаро зинда карду як дирҳам нагирифт...»
— Ман надонистам, ки секоғазӣ эълон кардаед. Як коғаз доштам, овардам.
— Он вақт як кел гўшт се сўм буд, ҳоло дувоздаҳ сомонӣ. Боз қимат мешад...
— Надорам дигар.
— Надошта бошӣ, наё!
Коғаз баробари қатраи ашки сари мижгони занак бар мафраш фитод.
«Намеоем дигар... Дурўғ... Ба номи Худо, дурўғ... Дониста қаҳтиву қиматӣ мекунад, ки бечора берўзитар гардад...»
Зани саръӣ дар ҷонканӣ. Табиб бепарво.

пешина
аз 378
навбатӣ