Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

— Нагуфтам, ки беморони дар ягон ҷо шифо наёфта ин ҷо меоянд.
Ҳолиё Фолбин-табиб дар ҳолати ҳамон зан бувад: рўйболо, чшмонаш дўхта ба шибдор; аз мушон дарак надорад; хаёлаш сайри олам дорад: «Беҳуда... ҳамааш беҳуда... Ба олами офтобӣ омадан беҳуда будааст... Одам мисли мурғи аз шағол гурехта пару бол зада чангу бод омехта кунад ва пеши чашми хеш хира гардонад...
Муқобили ҷараён ланда зада нашавад... Мушкили одамон осон карданӣ шудам, мушкили худам душвор шуд. Чилгиреҳ афтод...
Ба назар ҳама чиз ҳайрону бесоҳиб; саг соҳиб надорад; мушхўрӣ кунад. Гурбае намондааст дар шаҳр. Муш мекушем, гуфта, гурба куштанд. Айби худи гурбаҳои баднафс ҳам ҳаст. Мушҳои ҳароммурдаро чун одат як бор дандон зада, дар бало монданд; Мурданд заҳролуд шуда. Инак азоби кўчарўбҳо...» Касе ба кўмакаш расида натавонад ё нахоҳад; мушон ҳам садо надоранд; чир-чирашон набарояд, сарири дандонашон низ. Сих зад зери синаи чап: «Чӣ хел?
Мо сўзандору надорем. Ҳама зарбу таъсири сухан. Як ҳарф нафаҳманд, ки мо чӣ гуфтем: «Қул қули қолиҳо...» Асрори ин табобат ҳамин: Нофаҳмида эътиқод кардан. Муҳаббати дуздиву пинҳонӣ
– ширин... Ҳазрат чунон Савриро ба ҳоли худ гузошта, шаббошу маҳбош дар ҷойҳое гардад, ки касе надонад. Гўё дар «биҳишт».
Саврӣ, Саврӣ... Аҷиб, ғариб... Туро гуфта чун ба чунин бало гирифтор шудам? Надонистам. Надонистам, ки шўйи хаппаки бадтол дорӣ. Ў аз ғами ту, мабод ки ба касе дил бандӣ, худро ба девонагӣ зада будааст... Муғамбир... доғулӣ... маккор ҳам... Вагарна чӣ кор дорӣ ба ман?... Чизе пай бурда ё Саврӣ чизе гуфта?... Шубҳа, яқин шубҳа. Зеро ду дунёро дида ҳамадон шуд. «Пеши потон мурам, Ҳазрат!» дар ҳузури худам пояшро бўсида гуфт зани ҷавони нозо.
Худоро айбдор кардану аз ў гиламанд шудан чӣ лозим? Ҳама айб дар худамон; аз бесабриву бетоқатӣ. Баъзан худам ба рафтори худаму Ҳазрат тагакӣ механдам... Боз худдорӣ мекунам: «Наход ин ҳамаро Худо фармуда бошад? Дар пешониамон навишта бошад?...Сих зад... Сабил мон! Ҳама ҳунаратро нишон деҳ... Ҳоло ту зўртар аз ҷисм ҳастӣ; аз пой биафкан...» Фолбин-табиб одами оддӣ нест. Факултаи ховаршиносии Донишгоҳи давлатиро хатм карда. Сафеду сиёҳро фарқ кунад. Аз нодониву гаправии омма истифода бурда ба чунин роҳ рафтааст, то рўз гузаронад; зеро дар ин рўзҳо илм ба кор наравад. Пул шикаст, нархҳо осмонӣ шуд; академик бозорнишин; Одинаҳо дар ғарибкорӣ; зану духтарон ба мошинҳои роҳгузар «овоз» диҳанд. Пиразанҳои бесоҳиб кулба маҳрамхонаи касон кардаанд; мошинсаворони шўх, даст дар тугмаи шим назди уролог тозанд.
«Шўрои Вазирон дафтару девон дигар карданӣ, раис... Албатта шуморо даъват мекунанд». Рост буд ё дурўғ, Раис дигар наомад ба пирхонаи ў. Табиб надонист, ки завлона ба дасташ заданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор