Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нақши девор гашта буд. Мушчае даруни поҷомааш даромада боло шуд ва Ланг дод зад. Дари ҳамсоя боз шуд. Дар мушонро рўфта пас бурд ва ў ҳолу рўз дида зуд дарро пўшид. Яқин норозӣ буд аз кирдори ҳамсоя табиб, ки роҳравро таги пой карданд. Чашмаш ба Ланг афтид ё на, набаромад. Садои калид гардониданаш омад.
Зеро бад дида буданд ҳамсояи найрангбозро: «Афсона карданд, ки нафаси Исо мурдаро зинда кард, ҳар ғаммоз Исонафас шуда».
Ланг умед аз ҳамсоя канд; муши даруни эзорро аз болойи куртаву поҷома сахт панҷа зад, асир гирифт. Як бор чир гуфт муш, дигар садо карда натавонист. Зеро Ланг сахт тарсида буд ва намедонист, андаруни хона чӣ рўз аст? Аз ғазаб муши беодобу нобакори шўрапушти ба даруни поҷомаи занон хўгирифтаро, гўё бо дандон мегазида бошад, сахт мушт карда маҷақашро баровард ва аз пойи эзор афканд. Даруни дар нашуда сурати девор меистод. Садои калидгардонӣ ё ба чизе бархўрдани пойи ноэҳтиёт баромад, ки Ланг ба чашмаки дари ҳамсоя гўшаи чашм кард ва равшании он тира гашт: «Мепояд...» Ва чунин андеша ўро водор кард, то даруни дар пой ниҳад... Пой ниҳоду дарро напўшида фарёд зад ва афтид. Зеро табиби ҳозиқро мурда дид. Рўйи бистари амонат, ки як кўрпачаву як лўла дошт, рўболо буд ва чашмони бозаш ба шифт менигаристанд; дасти чап дар паҳлўву дасти рост дар канор палосро кашида миёни панҷаҳо медошт. Тар карда буд ва пойи мушон намро ба фаршу мафраш кашондаанд. Лекин Ланг фарқ накард, ки ў чунин фарбеҳ буд ё дам кардааст. Зеро куртаи аз нами пойи мушон нақшин гашта танашро мепўшид...
Кормандони «Амният», ки дар ҷайб завлона доштанд, чунин ҳол дида, ҳайратзада бозмонданд, аммо бекор намонданд: «Ин ҳайвонҳоро бозпурс карда нашавад, ки...»

18

— Ҳамсоя, мо ҳавлиро фурўхтанӣ... Бегона нашавад, гуфта пеши шумо омадам.
— Ботурбой нестанд. Як моҳ зиёд шуд, гўё малойикаҳо бардошта ба кадом гўшаи дунё бурдаанд. Гўё пеши Бен Ладен...
— Ба биҳишт, мегўянд-кууу?
— Донед, чаро мепурсед?...
— Дар биҳишт айш кунанд, ҳавлии моро назарашон мегирад?
Ба ҳар ҳол, як бор гўед. Мо ноилоҷ мондагӣ... Мардаки ман ҳам Худоро худодод намедонист, моҳу сол намеомад, ки фалону касмадон... Ана чӣ шуд? Даст гирифтаанд... Сари сахти ман... Нав хонаи рўшанро дида будам... Сад ҳавливу ҳарам фурўшӣ ҳам, ўро аз занҷир раҳо карда натавонӣ. Кирдори шўйи шумо ҳам ба рафторҳои ў монанд.

пешина
аз 378
навбатӣ