Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Ва як рўзи бадро дарёфт; на ба пуррагӣ, балки аранге пеши назараш омад рўзи дамзадаву пурғубор, ки бояд заминро пош диҳад. Зеро ин чизро хуб медонист ва хислату феълу атвори баргаштаи бани Одамро: «То чанд ин ҳамаро бардорад Замин?» Қиёс аз худ ва кирдору рафтори хеш мекард. Воқеан баччаи Одам дигар шудааст. Дар бораи баччаҳо фикр карда, афсона бофта нашавад. Ягон чизи ҷолиб надорад; ҳар коре бикунад, тақлиду такрор бувад. Ягон чизи наву ибратбахш надорад. Шабу рўзаш гузарад, шодон бувад. Вале он қадар орзу парварад дар дилу мағз, ки аз орзуи одам шудани ҳайвон зиёдтар.
Лекин ягон бадтол ҳайвон шудан нахоҳад. «Ҳайвон!» гўйӣ, сахт расад: «Худат ҳайвон!» Одами дурусти насиҳатгарро чунин гўяд.
Аммо ҳама орзу кунанд, ки мисли ҳайвон тоза, ҳалол, меҳрубон, вафодор ва дар муҳаббат пок бошанд. Пайдо нашавад шахси рисолавӣ. Адибон бофтаву сохта орзуяшонро бо номи Алию Валӣ ифода кунанд ва илова: «Нағз буданд. Ҷамъият, муҳит, зиндагӣ, рўзгор, нафс, зарурат, эҳтиёҷ... маҷбур кард ба роҳи бад раванд...
ва ҳоло паси панҷара умр ба сар баранд... Зеро генерал ба рўйи шоҳ давид....Алӣ Валиро фурўхт... Бародарон хиёнат карданд ба якдигар... Зани сабукпоро кушт, ҳамсоя хабар дод... Бонкро дуздид, шарикаш ба насиба қаноат накарда ўро кушт ва дастгир шуд...
Худоё, ягон накўкор, саховатманд монда бошад??? Рост бошад, онҳое ки «ватан!» гўён мушт ба сари сина зананд, баъд ватанро фурўшанд?... Аз пушти тобут гирянд? А, ростин бувад чунин гиря?
На онҳо барои худ гирянд, мисли кўдаки бекас».
«Чаро гиря дорӣ, бачча?»
«Гушнаам...»
«Ў чаро худро сўхт?»
«Хонаашро оташ заданд...»
— Оббо-еее... Одам кист? Дунё барои чист?
Посух нест!
Садои калид тоб додану кушодани дар омад. Соҳиби хона нашунид. Рўз шуда буд. Чароғ месўхт. Баробари кушода шудани дар мушон мисли рамаи дар девлох дер дошта ҳуҷумовар баромаданд.
Ланг тарсид. Зеро мушон нақши пой гузошта, роҳраву зинаҳоро тар карда мерафтанд. Зани Ланг дар хидмати Фолбин-табиб буд, роздону ҳолдон ба шумор мерафт, вале ҳоло намедонист, ки мушон пой ба чӣ зада буданд, ки рахи сиёҳ гузошта рафтанд. Одатан муш гурезад аз одам, лек онҳо нописандона, чунон ки подаи гурусна дар оғил нигоҳ дошта бошанд, ҳамдигарро тела дода ва зери пой гузошта селвор аз зинаҳо мешориданд. Ланг тарсид, ки хонаро батар аз оғил гардонидаанд: «Нобакорҳо!». Вале ба тарии пойи онҳо сарфаҳм нарафт: «Бесоҳибҳо...» Гўё наворгардон оне тасмаи навори киноро боздошт; мушон сухани ўро сарфаҳм рафта, истоданд; гўш доданд, то боз чӣ гўяд; ў аз тарс чизе гуфта натавонист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор