Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъд онҳое ки мутасаддии ҳангома буданд, ғайб заданд. Худи ў низ аз чашми дўсту душман ғайб зад.
Гоҳе пайдо гашт, ки дари кулба боз буд, вале гавҳари якдонааш бенишон... Ҳолиё пиндорад, ки даруни чашм ва гавҳаракаш чунин хуниву рангист; зеро тамоми ашёи пеши назар сурх тобад; ҳатто биноҳои баланди ҷониби мағриб, ки ҳамин замон пеши ин манзара – офтоби сўхтаи бар уқёнус фурўравандаро мегирад. Хуршеди сўхта худро ба об зада, наҷот ёфтанист, ки фардо низ дунёро мунаввар гардонад. Ва ҳамон зайл чашмҳои хунгирифта уфуқи назарфиреб, кўҳҳо, теппаҳо, биноҳо, дарахтон ва заминро оташин дид. Ва оҳиста-оҳиста дидааш дару дарвозаи хешро низ хунин дид ва як пайкари миёна ва пайкарак низ сўхта тофт ба назараш, ки ба хонаи оташгирифта медаромад. Ранги куртаи Савриро дошт он пайкари зебо. Ботурбой беихтиёр гардан фароз гардонд, то дурусттар бинад. Дастонаш раҳо шуданд аз симтаноб ва майли ҷониби Саврӣ рафтан кард. Пой пеш гузошту тохт... Ҳамин қадар дар ёдаш буд, ки ҳавойӣ шуд ва сараш ба як чизи сахт бархўрд.
Оташи чашмонаш пош хўрда оламро фаро гирифт...

22

Баъди талаву тороҷ Росу хештанро ноҷўр эҳсос кард. Ноҷўриро аз он донист, ки мушон ягон чизи заҳрогин овардаанд ва ў надониста хўрдааст. Ҳамон шаб хоб дид, ки табибон ба дардаш кўрморро даво донистанд. Аммо фасли кўрмордорӣ гузашта буд.
Рой доданд донишмандон ва ройзанҳои хосаи Шоҳросу, ки дар бозори Истрўшан дар ҳама фаслҳо кўрмор пайдо кардан имкон дорад; зиндааш набошад, мурдаашро дар шишаҳо ҷой карда фурўшанд. Ё аз Чину Ҷопон даруни шишаҳои арақ пайдо кардан имкон дорад. Росу «ҳар дуро пайдо кунед!» гуфт. Зеро медонист, ки дар хоб мор дидан душмандорист. Ва ў бояд душманро дар бедорӣ нобуд созад. Кўрмор фармуданд. Фиристодаҳо чун роҳи ин кишварҳоро хуб намедонистанд, ба истгоҳи «Камаз» рафтанд, ки дуздона савор шуда кўрморкобӣ раванд. Рафтанд. Аммо аз омадашон дараке нест...
Дар ин миён кори нақби Ганҷ ба поён мерасид. Аммо роҳ ба шах дакка хўрд. Як каф хокро бурун оварда афкандан вақти зиёд талаб мекард. Росу ноҳол бошад ҳам, хост ҳамроҳи Ҷосу то охири роҳ рафта бо чашми сар бинанд, ки чӣ ҳолу чӣ рўз аст. Нозирони роҳ аз азми сафари Шоҳросу хабардор шуданд ва роҳҳоро чунон тоза карданд, ки ҷуз машъалбардор ва вазири умури дохила касе наменамуд дар сари роҳ. Пешопеш машъалбардор мерафт. Аз паси ў вазири умури дохила. Ҷуссаи фарбеҳаш пеши нури машъалро гирифта, соя роҳи Росуро тира мегардонд.

пешина
аз 378
навбатӣ