Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ғашаш омад, ки чаро вазир пеш-пеши ў рафта роҳ тира гардонад ва ў набинад, ки девори даккадеҳ ё роҳи пасту баланд куҷост. Ҳол он ки бисёр сўрохи мушро гашта, ҳатто ранҷу шиканҷа кашида чунин андеша ба сар наомада буд, ки тане ба ў соя афканад ва ё пеши роҳашро тангу тира гардонад. Ва ин замон ки хешро ноҳинҷор ва ногунҷон дарёфт, хоби дидааш, ки бойиси ин қадар азобу ташвишҳо гардид, пеши назар омад; анҷоми он чун бошад? Намедонист. «...Коҳ ба замин резаду донаш пешбода шавад. Ва ҳамин пешбода ба сари Росу рехта, ўро андаруни донаҳо бенишон кард; нафасаш гашта, биҷаст ва бедор шуд». Ҳолиё дар роҳи равон пояш раг кашид.
Пеш рафта натавонист. Боз ғазаб ба сарраммолу раммолон ва муъаббирони хобро таъбир карда натавониста кард: «Пештар бояд каллаву поча мекардам он кадукаллаҳоро; пеш аз хоб дидан. Ба каллаҳои тиҳӣ ангушт занӣ, дар тамоми гунбади даввор садояш ғулғула меафканад, вале аз маънӣ дараке нест... Харкаллаҳо! Ин ҷияни фолбини ман ҳам аз ҳамон зоту зурёт. Худо гирад! Ба сарам бало оварданд».
— Падарлаънат! Соя накун!
Ин садо ниҳояти ба танг омадани Росу буд; вазирро хомохом хўрам мегуфт. Ба тани вазири ошно ларза афтод, ки навбати ў низ фаро омада. Лек дар ин роҳи танг илоҷи шоҳро гузар додан нест; роҳи гурез ҳам нест. Парчи замин гардад ҳам Росуйи болобаланд сар хам карда гузашта наметавонад; аммо вазир розӣ, ки ин корро кунад; на танҳо пеши пояш бимирад, балки зери пояш парчу пачақ шаваду Росу пеш гузашта аз нури машъал пеши роҳашро бинад.
Зеро ин ҳама давлату савлати ў ба туфайли ғалабаҳои Росуст.
Росу соҳиби тахту тоҷ намешуд, вазирӣ ба ў намерасид: «Лекин одати бад баровард. Ягон шоҳаншоҳ ё миру бек мисли ў ҷазои каснадидаву кас нашунидаро ба баддидагонаш раво надоштааст».
Ба сараш зад, ки чӣ камие дорад аз Росу? Ўро ҳам ба тахт нишонда ба сараш тоҷ гузоранд, ҳама итоаткор мегарданд. Ғазаб кард худ ба худ ва хунаш тез шуда бардораш дод. Пасрў гашта, дили фўк ба фўк шудан кард. Вале дар чунин тангнова якдигарро телаву зўр карда гурезондан имкон надорад; буд-набуд, Росу боз ҳамон усули маъмулиро ба кор бурда аз сараш мегазад ва дамашро набароварда гурбавор ғаж-ғаж хоида мехўрад. Тарсид вазир. Ду даст пеши бар фармуд:
— Пеш гузаранд Олампаноҳ!
— Чӣ хел? Аз тори сари ту?
— Бале, Олампаноҳ! Ман ба замин парч мешавам. Шумо маро зери поятон гузошта, гузаред!
— Ту беадабро пахш кардан кам аст!
Вазир пай бурд, ки Шоҳросуро аз аспи ҷаҳлу ғазаб фуровардан кори осон нест. Ў замоне ором мегардад, ки ҳама корҳои дилхоҳашро ба сомон расонад; гумонбаронашро аз миён бардорад; луқмаи дилкашро хўрад; шеросо лабонашро лесида оҳи сабук кашад ва оне бо роҳату фароғат хоб карда хезад ва пай барад, ки сару дилаш мисли осмони кушод беғубору соф аст.

пешина
аз 378
навбатӣ