Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Дар он сў, шояд роҳи даромад аз он ҷониб бошад, машъале афрўхта забона мезад ва ҳама чизе, ки хирман гаштааст, акси шуоъ ба шифти мармарӣ медод; акси дубора гирифта бар ҳалқаи ало мерасонд, ки воҳима, гирифторӣ ва ларзиши тани Ҷосу аз он буд. Ҷосу гурбавор ва дуздона пой мечид аз рўйи замину гом мезад ва зери панҷааш донаҳое дурушт меомад, ки пошхўрдаи зарраҳои хирмани ганҷ ё резаҳои мармари аз боло рехта буданд. Диққати ўро пораҳои рангаву пурҷило на, балки нақши тахтапушти аждари тори ганҷ рабуда буд. Аммо дар дил ҳаваси зарру зеварро дошт. Ва яке гўшаи чашмаш ба балое афтид, ки ба суръати ҳаракати дуздонааш дар девори ғор мерафт. Аз тарсу ҳаяҷон бозистод; бало низ қарор гирифт. Ҳаракат кард; бало низ рафт. Ва дарёфт, ки балойи азими тамоми деворро нақшбаста сояи худаш аст. Бозистод. Оҳи сабук кашид. Аммо тарсу ваҳмаш кам нагашт. Ларзиши пояш зиёдтар шуд ва инак тамоми вуҷудаш меларзид ва устухонҳояш мувофиқи ҷуссааш зириқ-зириқ садо мебароварданд. Бозистод ў ва ҳамсони замин гашт, ки он балойи азим аз садои устухонҳои ў бедор мегардад ва луқмаи хомаш мекунад. Тар кард эзорашро. Ин арақи шорони танаш набуд, балки як моеъи бадбў буд, ки тамоми умр миёни чунин бўйҳо зиндагӣ карда бори нахуст дар чунин манзили озода ва ҳавояш серун чунин бўйи нофорро шунид. Нафорид. Ҳамин бўйи бади аз вуҷуди худаш рухзадаро баҳона карда аз ғор баромаданӣ шуд, аммо марги беаҷали худро дар даҳанаи сўрохи муш дид, ки бадтар аз он ҷазоеро намедонист. Баъд сояву сурати худро дар ҳама ҷойи ғор; сақфу девор дида ба филмҳое, ки ба хонаи ҳар кас даромада, аз оинаи нилгунаш медид, бовар кард. Зеро то ин вақт он чизҳоро бофта ва сохта меҳисобид; инак бо чашмони сар сурату сояи хешро ин қадар бузург дида, ҳайратзада бозистод, ки дар куҷо пинҳон гардад, то сояву суробаш натобад. «Миёни ганҷ». Ҳамин тавр хулоса баровард. Зеро дигар ҷое, ки пинҳон шаваду нанамояд, набуд. Ё чунин ва ё бояд дуздона ва гурбавор рафта сари он балоро ба даҳон гирифта, монанди Росу боғазаб хоида хўрад... ё бо зиндагӣ падрўд гуфта, бори дигар дар умри овора ва дуздонааш таваккул кунад?
Он қадар оромӣ ва хомўшӣ буд, ки Ҷосуйи эҳтиёткор шарфаи пояшро мешунид; садои ба девор мех кўфтани кадомеро низ. Ҳамин садо ўро аз қадам задан боздошт. Хуб диққат карда, санҷид, ки садо дар гўшҳояш аст; сонӣ донист, ки дилаки хурдаш метапад номуназзам ва зарабони вуҷуди худаш дар гўшҳояш садо медиҳад. Аз куҷое нағмаи рехтани об ҳам меояд ва дар ғор акс меандозад. Тақрибан аз он сўйи машъали фурўзон. Боз як фишфиши нафаскашӣ ба гўшаш мерасад. Ба назараш ҳамин ҳавои нафас забонаи машъалро меларзонад; сояҳоро мешиканад ва як дуди ғализ ҳавои ғорро вайрон карда димоғро ба хориш меорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор