Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Гардан ёзида, чашм бузургтар во карда, гавҳараки он азиму фарох гардонида нигарист ва думи морро дид, ки бозӣ дорад. Хештан дар бехи шах ҷо кард ва аз тарс мехост санг кафаду ў ба роғаш дарояд. Зеро яқин карда буд, ки мор бедор гашта ва ё ўро дида, дум бозӣ доронад, ки якбора тозиёна зада, якмаргаш кунад ва... Аммо «ва» нашуд. Мор дум дароз карда берун аз ҳалқа нигаҳ дошт. Мазмун, барои хўрдани муш ин корро кард.
Вале Росу якбора ба корҳои қаҳрамонӣ даст назад, балки хеле сабр кард, то мор орому осуда гашта ба хоби гарон равад, сонӣ ў амалиёташро сар кунад.
Ҳамин тавр ҳам шуд: Росу оҳиста-оҳиста пеш рафта ба думи мор наздик шуд ва фўк ёзида бўй кашид. Муродаш хоб ё бедории морро донистан буд. Мор наҷунбид. Муш дандон тез карда нўги думи морро газид. Мор дониста наҷунбид ё дардеро эҳсос накард.
«Шояд Ҷосу заҳрогин буд?» Пиндораш – мор Ҷосуро хўрда, мурдааст, ки вай думашро мехояду ў бедор намешавад: «Ин корро кардан лозим буд. Ҷосуро ё ягон муши дигарро заҳр хўронда пеши ў андохтан лозим буд. Худамро заҳрогин карда нашавад; оқибаташ маълум». Росу нафаҳмида монд, ки думи мор ба шикамаш рафта, онро баргардонида бароварда намешавад; қай карда ҳам намешвад. «Мори хуфтаро бедор кардан ба суди кор нест!» Росу чунон ки ҳамраҳони номурод ва вазирҳои гапногиру бефаҳму фаросотро зинда ба зинда хоида мехўрд, ҳамон зайл думи морро ҳам хоида, вале канда накарда, морона мебалъид...
Бехабар аз рўйдоди Олам, як зарбаи сахт аз пас расидаш ва беҳуш гашта талвосаи думи мор аз шикам баровардан накард ва ҳамон зайл дум андар шикам бо думу думғоза ба коми мор фурў рафт. Мор фурў мекашиду мебалъид мушу думи хешро, аммо сарфаҳм намерафт, ки думи хешро низ фурў мебарад. Даркашиду фурў бурд ва замоне пай бурд, ки думи хеш низ хўрдааст ва бо кашидану қай кардан бурун оварда натавонад. Як ҳалқаи кушод гашта, рўйи хирмани фарохро гирифт. Чашмонаш кушода шуданд. Ғукона гаштанд. Вале чизеро намедиданд. Ҳамин қадар дар ёдаш монд, ки дунёи ғори торик тиратар мегардад. Ҳама нақшу нигорҳо ва ҷилойи сақфу деворҳо зери пардаи сиёҳ монданд ва ҷонваракони сабук бору савор шуданд ва бо дандонҳои тез газанду пўсташро кананд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор