Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Бозпас қафо омада ҳалқаи маъмулиро ишғол кард ва орому хомўш истод ноҷунбон.
Гўё чизе, коре, сўиқасде нашуда, чун ҳамеша муш ба ҷустуҷўи донае омадааст, ў ҳамчун ганҷбон вазифаашро ба ҷо овард... сонӣ ба ҳаракат даромад: даҳон кушоду луқмаро фурў дод. Аммо аён набуд, ки чизе оҳиста-оҳиста аз ҳалқ дарунтар мелағзад. Вақте мор бузғола, харгўш, кабку мурғ ё ғизолро бо шахаш даркашад, фурў мебарад, аён мегардад лағзидани он дар тану пўсти думдароз.
Аммо муш барои чунин мор луоба фурў бурдагӣ барин.
Қарору ором ҳолати аввалро гирифт мор. Гўё ҳеҷ рухдоде набуд. Муши раҳгум барои шикамчаллонии ў омада буд. Зеро аз дилу нияти ў ва нақшаҳои Росу огоҳ набуд.
Аммо дар тани Росу ҷон намонд. Чунин ҳолро дида сагона рўйи хок чукка зада нишаст; ҷуз пушаймонӣ дар сар андешае надошт.
Валек нафси шум ангеза мекард, васваса мегиронд, ки ин дунёйӣ бояд моли шоҳ бошад.
Мор сагона даҳон кушода хамёза кашид бо садо. Росу худ аз худ пас-пас рафт. Зеро сияҳрўзии Ҷосу китоби дарсӣ буд.
Аммо Росу хоб дида ба ин кишвар омаданашро дастак карда, умед ба кадом хирман баста, то ин замон ранҷу азоби зиёдеро аз сар гузаронд. Ҳолиё ҳамин хирмани соҳибаждарро ҳамон хирмани дар хоб дида медонад. Ва пиндорад, ки дер бошад ҳам, ба мурод хоҳад расид.
Бисёр чен, хаёл ва бурру дўз кард андар даҳонаи нақби канда ва ҳолу рўзи Ҷосуро, ки дид, зудтар аз ин маргхона гурехтанӣ шуд. Боз хоби дидаву таъбир нашуда водораш мекард, ки хирмани ҷавоҳир насиби ўст; лек рўзи ўро ба рўзи Ҷосу монанд накунад!
Диду донист, ки рўёрўйи думдарози хештан ба хоб андохта наравад, зеро бе ягон афсун сайдрабо гашта шикор ба ком гирад.
Росуро сахт нобоб бувад чунин амали мор. Тахминҳои аз пасу паҳлў наздик шуданро низ кард. Валек ҳеҷ думи морро пайдо карда наметавонист, ки дар куҷост? Ба ҳар ҳол шоҳиву хазинадориро пеши назар оварда, ҳама гузаштагони дорову сарватмандро ёд карда, қиссаи онҳоро аз ёд хонда, донисту хулоса кард, ки пучу ҳеҷанд ҳама чу боду абр, ки даст гирифта натавонӣ. Аммо дил канда наметавонист. Зеро оянда ва овозаву дарвозаро ба чунин дунёйӣ вобаста медонист...
Гирди хирман мегашт дуздона. Ларзишу бемадориаш пойи равон кашол карда буданд. Ҳарчанд хешро устувор гирифта ба ҳама қаҳрамонҳои афсонавӣ монанд мекард ва нерўву амали машҳуртарин дуздони оламро дар пўсташ ҷой медод ё ба пўсти онҳо медаромад, ларзиши тану ҷонаш басанда намегашт.
Рост буд ё хобу хаёл, баъди гирд гаштану шалпар шудан ва ниҳоят гурусна мондан дар буни санги ғор қарор истод ва дид, ки чизаке монанд ба тозиёна меҷунбад ба сўяш; хаёл кард ишора дорад ўро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор