Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Не. Ў дигар намегўяд.
Балки менишинад рўйи марзаи намаш парида ва мо худамон, ки чунин корҳоро кайҳо ёд гирифтаем, ба ҷо меорем ва ў нигоҳ мекунад. Ў метавонад дар хона нишаста корҳои модарамро бинад, ки чашми рўз накафида берун меояд, молу ҳолро мебинад, наҳорӣ тайёр мекунад, хамир меошурад, нони танўрӣ мебандад, хўрок мепазад, ҷомашўйӣ мекунад ва барои падар зоти сафар муҳайё месозад... Вале падар кори моро аз назар мегузаронад: аз болойи поруи рехта бори дигар побел мекунем, боз ва боз – чандин раҳ. То даме ки хоку пору омехта чун рег ба ҳам намечаспидагӣ шавад. Сипас пал ё ҷўя кашида ҳар чизи барои рўзгор заруриро мекорем: сабзӣ, пиёз, картошка, помидор ва полезӣ. Ҳафтаи дигар падар омада аввал коштаҳоро аз назар мегузаронад ва пас ба хона медарояд.
Ў бо рафтораш ҳама чизро мефаҳмонад. Мо кўшиш мекунем, ки бо гуфторамон ҳама чизро ба ў фаҳмонем. Чун мебинем, ки чунин муомила хушаш намеояд, ягон-ягон нозгунҷона ҳама гапро мегўем. Ў табассум мекунад ва ё бо ягон имо ё ишора майли хешро муайян месозад. Каси намедонистагӣ пиндорад, ки ў сухан карда наметавонад. Ё сухани гуфтанӣ надорад. Он қадаре ки ў медонад, ҳисоб надорад. Андак мегўяд. Ҳар бори омаданаш ба назарам бузургтар метобад: падари бузург. Ва бузургтар аз ў маро касе нест. Кадеварпадар.
Инак ба дилам ҳавас пайдо мешавад, ки зудтар ба воя расам ва ҳамроҳи ў конкобӣ раваму ҳафтае баъд ба хона оям. Амакам ҳам писарашро ҳамроҳ гирад, чаҳор тан ба кор равем. Зеро (аз гуфти модарам) он қадар онҳо кор карда мондаву шалпар мешудаанд, ки гоҳи омадан дар лаби ҷарҳо хоббурда қадам мезадаанд ва чашм кушода хешро дар сари бора медидаанд. Баъзан ростову истех хобашон мебурдааст. Барои ҳамин мехоҳам ҳамроҳи ў бошам, ки росто хобаш бурда дар ҷару ҷўй наафтад. Шумо намедонед ў чӣ хел падар аст: бародар, ҷўра, падар ва аз падар болотар касе бошад, ҳамон хел; дастнорас, пурэҳтиром... Агар танҳо ман эҳтиромаш кунам, медонам, ки ин меҳри падариву писарист. Лекин дигарон, ҳатто бегонаҳо дар бораи ў хуш мегўянд ва хуш мепазиранд. Модарам намедонад болойи ҳама гуна хизмат боз чӣ хизмат кунад. Фақат як кас, ба назари ман, ўро ҳурмат карда наметавонад. Ё қасдан бо ў созиш карда наметавонад. Лекин падарам мегўяд: «У одами хуб. Хешигарӣ ҳам дорад. Нозгунҷӣ мекунад». Ман ҳоло мушоҳида мекунам. Агар ягон носипосиашро бинам, пасон мегўям, ки вай кист.
Мо – кўдакон бо мактабу китобхонӣ, дарстайёркунӣ ва ҳар гуна кору бозӣ рўзҳоро кўр мекунем, аммо модарам рўз мешуморад; чун падари бузург пайдо шавад, мешукуфад. Зеро гирди дастархонаш пури одам мешавад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё