Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Ва баъди рафтани ў яке аз мо падар мешавад; чун ў дароз мехобад, «ҳала-ҳала»
мекунем. Яке аз бозиҳои дўстдошта ва худамон ихтироъ карда ҳамин аст.
Падар аспдор шуд. Бузургбародараш Абдуҳомид Саманди аз бобойи Абдухолиқ мондаро ба падарам тўҳфа кард. Саманд дар хизмати падар ва аммазодааш Мирзоумед шуд. Инсони хубро, ки эҳтиром мекард, Мирзоумедро савор мекарду худ пиёда мерафт. Хидмати мо ҳам фузун гашт. Як асп хароҷоту ҳаққи як рўзгорро мехўрад. Ўро нигоҳубин бикун: наҳорӣ андоз, йем деҳ, об деҳ, таги пояшро рўбу тоза бикун, хорумол ва қашав бикун, саҳро бубар, мехгардон бикун ва хизматҳои дигар, ки кас худро ин қадар нигоҳубин намекунад. Зеро Саманд ташвиш ва азоби падару тағоямро он қадар осон кард, ки шахси наздик он андоза некӣ намекунад. Аз ин рў падар аспро азиз медошт ва ҳар қадар хизмат лозим шавад, ба ҷо меовард. Хидматҳое, ки барои асп дар хонаамон мешуд, мо медидем, аммо дар мусофират, базаи геологии Мушистон, сари кон ва кўҳу дара мешуд, мо намедидем. Ҳаминаш равшан буд, ки ҳар бори омаданаш падар барои асп ҷав мехарид, алаф мехарид ва ду пойи хўрҷин йем гирифта мебурд. Аспро чунон парвариш мекард, ки аз тори мўяш равған мечакид. Ягон кас гўяд, ки аспатро бузкашӣ барам, хафа мешуд:
ба назари ў «бузкашӣ» аз саҳроиёни кўчӣ боқӣ монда, ки дар ибтидо одами зинокор, дузд ё душмани ғаддор ба даст афтад, аз чаҳор дасту пояш саворон дошта, кашида ба ҳар сў чаҳорлахт мекарданд. Чун замоне адолат ва одобу фаросат дар рўйи замин ҳукмрон буд ва касе даст ба бадӣ намезад, кўчиёни ба чунин тохт ва лахту палахт хў гирифта барои хуморшиканӣ буз (серка ва такка), гўсола ва дигар ҳайвонҳои мувофиқро улоғ мекарданд, ки бо мурури замон «буз» ё «бузкашӣ» ном гирифт. Чунин амалу кирдор ба табиати инсони фариштахў рост намеомад. Ҳазар мекард аз бузкашӣ падар, аз ин рў ба хоҳиши паҳлавони бузкаш муфассал ҷавоб нагуфта, сар меҷунбонд: «Не!»
Андак вақт гузашту падарам соҳиби сечархаи «Урал» шуд.
Аспро ба тағо дод. Хизмати мо сабук гашт. Чунки сечарха аспвор намехўрд, партоб ҳам надошт. Танҳо бензину афтол мехўрд, ки худи падарам пайдо мекард. Лекин илоҷи сари роҳ гузоштан набуд, ҳар раҳгузар худро дар оинаи он дидан мехост; ҳатто майнаҳо.
Майнаҳо сечархаи дар майдон ва сари воте бекас гузоштаро
1 пайдо карда гов ё асп пиндошта, ки аз тахтапушти он уқра меҷустанд. Сонӣ худро дар оина дида, сари чанбараки он нишаста, хам
- Кирми зери пўст гашта ва рў ба рў пар-пар зада хешро дар оина мешинохтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё