Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Дуюм, тараққиёти психика бо шароитҳои берунӣ, таъсироти берунӣ вобаста аст. Вале ин тараққиётро бевосита дар шароиту вазъиятҳои берунӣ дидан мумкин нест. Ин шароиту вазъиятҳо ҳамеша ба воситаи таҷрибаи ҳаётии одам, шахсият, хусусиятҳои индивидуалӣ ва сохти психикии ӯ муайян карда мешаванд.
Сеюм, одам ҳамчун мавҷудияти фаъол шахсияти худро худаш метавонад бошуурона тағйир диҳад, яъне ба худтарбиякунӣ машғул шавад.
Аммо протсесси худтарбиякунӣ аз муҳити иҳотакарда ҷудо рӯй намедиҳад. Ин протсесс дар ҷараёни таъсири байниҳамдигарии фаъол бо муҳит ба амал меояд.
Маълум мешавад, ки ҳамон як шароити берунӣ, ҳамон як муҳит ба кӯдакони гуногун, наврасон ва ҷавонон таъсири гуногун низ мерасонад.
Аз ин рӯ, қонунҳои тараққиёти психикии хонанда низ ба он сабаб мураккабанд, ки худи тараққиёти психикӣ протсесси тағйирёбиҳои мураккабу пурихтилоф буда, омилҳои ин тараққиёт гуногуншаклу ҳартарафаанд. Масалан, шароитҳои таълиму тарбия ба кӯдакони гуногун таъсири ҳар хеле расонида метавонанд.
Ҳамин тариқ, психика на танҳо дар фаъолият зоҳир мешавад, балки фаъолият асос ва шарти тараққиёти психикии одам (кӯдак, мактаббача) ба шумор меравад.
Мо то ҳол одамро ҳамчун мавҷудияти ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ дида баромадем. Оё инкор кардани моҳияти биологии он дуруст аст? Бояд гуфт, ки моҳияти табиии биологии одамро инкор кардан ҳаргиз мумкин нест. Одам бевосита мавҷудияти табиӣ мебошад. Заминаҳои табиии биологӣ дар тараққиёти психикии одам ҳатман заруранд.
Якум, хусусиятҳои табиӣ роҳу воситаҳои гуногуни тараққиёти хусусиятҳои психикиро асоснок мегардонанд.
Сифатҳои системаи асаби одам худ аз худ ҳеҷ кадом сифатҳои психикии шахсро пешакӣ муайян намекунанд. Ҳеҷ як бачаи мӯътадил

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор