Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

инкишофёфтаистода табиатан нотарс ё тарсончак, суботкор ё беирода, меҳнатдӯст ё танбал, боинтизом ё беинтизом намешавад. Системаи асаб чӣ хел хусусиятҳое, ки надошта бошад, дар сурати дуруст ба роҳ мондани кори тарбиявӣ ҳамаи хислатҳои неки характери шахсро парваридан мумкин аст.
Дуюм, хусусиятҳои табиӣ ба савияю дараҷаи дастовардҳои одам дар ин ё он соҳа низ таъсир расонида метавонанд. Масалан, фарқҳои модарзодии индивидуалии нишонаю аломатҳо мавҷуданд ва ба ин муносибат баъзе одамон бар дигарҳо дар имкониятҳои азхуднамоии як фаъолият бартарӣ дошта метавонанд, вале дар айни замон дар бобати аз худ намудани навъи дигари фаъолият аз онҳо ақиб монда метавонанд.
Илми психология масъалаи муносибати таълиму тарбия ва тараққиётро ба таври васеъ тадқиқ менамояд. Одатан зери мафҳуми тараққиёт ду категорияи гуногуни хоса, вале ба ҳам зич алоқамандро мефаҳманд:

  1. инкишофи биологӣ, органикии майнаи сар, инкишофёбии сохту анатомию биологии он; 2) тараққиёти психикӣ ҳамчун инкишофи ақлӣ. Таълим инкишофи органикии майнаи сарро инкор карда наметавонад ва ба ин маъно мо ҳеҷ гоҳ бо фикри психологи амрикоӣ Д. Брунер розӣ шуда наметавонем. Ба ақидаи ӯ ҳар як бача дар ҳар зинаи тараққиёт қобилияти пурра аз худ намудани ҳар гуна материалро дорад (фақат воситаҳои мувофиқи методии таълимро барои ҳамон давраи синну сол ёфтан зарур аст).
    Вале бояд таъкид кард, ки масалан, майнаи сари бачаи ҳафтсола ҳоло барои дарк кардани ибтидои исботкунии дифференсиалию интегралӣ ва
пешина
аз 223
навбатӣ