Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

аз ҷумлаи ин қонуниятҳо мебошад. Номунтазамии тараққиёти психикӣ чунин маъно дорад, ки дар ҳар шароит, аз ҷумла дар шароити мусоиди таълиму тарбия ҳам зуҳуроти психикӣ, функсияҳои психикӣ ва сифатҳои гуногуни шахс дар як дараҷаи тараққиёт намеистанд. Дар давраҳои гуногун барои тараққиёти ҷиҳатҳои гуногуни психика шароити мувофиқ пайдо мешавад. Баъзеи ин шароитҳо характери муваққатӣ ва гузаранда доранд. Гуфтан мумкин аст, ки барои ташаккул ёфтан ва тараққӣ кардани намудҳои алоҳидаи фаъолияти психикӣ мӯҳлатҳои беҳтарин мавҷуданд.
Чунин давраҳои синнусолиро, ки шароитҳои тараққиёти ин ё он сифату хосиятҳои психикӣ дар он аз ҳама беҳтар мегарданд, давраи сензитивӣ (нисбат ба таъсироти берунӣ ҳискунанда будан) меноманд.
Масалан, давраи аз 1 то 5-солагӣ барои тараққиёти нутқ, синну соли мактабӣ барои ташаккули малакаҳои ҳаракатҳо ва аз 15 то 20-солагӣ барои ташаккули тафаккури математикӣ давраи сензитивӣ мебошанд.
Сабаби чунин сензитивнокӣ ҳам қонуниятҳои органикии инкишофи майна, ҳам таҷрибаи ҳаётӣ ва инчунин ҳамон вазъият мебошад, ки баъзе протсессу хосиятҳои психикӣ танҳо дар асоси дигар протсессу сифатҳои мавҷудбуда ташаккул ёфта метавонанд (масалан, тафаккури математикӣ танҳо дар заминаи қобилияти тафаккури абстрактии ба дараҷаи кифоя тараққӣкарда ташаккул ёфта метавонад).
Интегратсияи (якҷояшавии) психика қонунияти дигари тараққиёт ба шумор меравад. Психикаи одам вобаста ба дараҷаи тараққиёт боз ҳам пурратар, устувортар ва ягонатар мегардад. Интегратсияи психикӣ тадриҷан дигаргуншавии ҳолатҳои психикӣ ва хислатҳои шахсро дар бар мегирад.
Тағйирёбандагӣ ва имконияти пурра кардани норасоӣ қонунияти сеюми тараққиёт мебошад. И.П. Павлов ба ин имкониятҳои калони тағйирёбандагӣ ишорат намуда, қайд мекард, ки агар таъсироти

пешина
аз 223
навбатӣ