Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
мувофиқ ба вуҷуд оварда шавад, он гоҳ ҳама чизро ба тарафи мусбат тағйир додан мумкин аст.
Имкониятҳои бойи тағйирдиҳии бомақсади психикаи кӯдак, мактаббача дар шароити таълиму тарбия ба ҳамин хосият (тағйирёбандагии системаи асаб) асос ёфтаанд. Хосияти тағйирёбандагӣ ба пурра кардани норасоӣ ҳам имконият медиҳад. Аз ин рӯ, ҳангоми суст ё бонуқсон тараққӣ кардани ин ё он функсияи психикӣ ин сустӣ бо тараққиёти нисбатан пурзӯри дигар функсияҳо пурра карда мешавад.
Масалан, ҳангоми суст будани хотира норасогиро бо муташаккилии калон ва аниқии фаъолият пурра кардан мумкин аст; камбудии биноӣ ба ҳисоби ҳассостар тараққӣ кардани анализатори шунавоӣ пурра карда мешавад ва монанди ин.
Инак, тараққиёти кӯдак, мактаббача протсесси мураккаби диалектикӣ буда, характери даврии ба худ хос дорад, дар давраҳои гуногуни тараққиёти синнусолӣ ба хусусиятҳои сифатӣ соҳиб аст. Дар психологияи синну сол ва педагогии ҳозира ҷудо намудани давраҳои зерини асосии тараққиёти кӯдак ва мактаббача қабул шудааст: синни навзодӣ (то 10 рӯз), синни кӯдакӣ (то 1-солагӣ), синни ибтидоии бачагӣ (аз 1 то 3-солагӣ), синни томактабӣ (аз 3 то 7-солагӣ), синни хурди мактабӣ (аз 7 то 11-солагӣ), синни наврасӣ (аз 11 то 15-солагӣ), синни навҷавонӣ ё синни калони мактабӣ (аз 15 то 18-солагӣ).
Ҳар як давраи синнусолӣ бо шароитҳои ба худ хоси муҳими ҳаёт, талабот ва фаъолият, зиддиятҳои пешбарандаи ҳамин синну сол ва хусусиятҳои навташкили хоси психикӣ фарқ карда меистад. Ҳар як давраи синнусолии тараққиёт бо давраи пешгузашта тайёр карда шуда, дар асоси он ба вуҷуд меояд ва заминаи давраи минбаъда шуда хизмат мекунад.
Таснифоти синнусолиро чунин омилҳо, монанди тағйирёбии мавқеи кӯдак дар оила ва мактаб, тағйирёбии шаклҳои таълиму тарбия,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор