Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ТаҳсилотИлмТиб
Аз аввал хондан

Завқи махсуси бозӣ бо бартараф намудани хоҳишҳои бевосита, бо тобеъ шудан ба қоидаҳои дар рол вуҷуддошта алоқаманд аст.
6) Бозӣ типи пешбарандаи фаъолият дар синну соли томактабӣ мебошад.
Вай дар худ ҳамаи тамоюлҳои тараққиётро таҷассум мекунад, сарчашмаи тараққиёт буда, минтақаи наздиктарини инкишофро ба вуҷуд меорад, ба туфайли бозӣ дигаршавии талабот ва тағйирёбии шуури кӯдак сурат мегирад.
Аз тарафи аксарияти психологҳо ду ҷиҳати бозии кӯдакон таъкид карда мешавад: фантазия ва тахайюлот. Хаёли эҷодӣ дар ҳар давраи синну сол ба таври махсус зоҳир мешавад. Овони кӯдакӣ ҳамон давраест, ки дар он фантазия нисбатан тараққӣ кардааст ва ба дараҷаи инкишофи кӯдак нигоҳ карда, хаёл ва фантазияи ӯ низ паст шудан мегирад. Кӯдак нисбат ба калонсолон камтар тахайюл мекунад, вале ӯ ба маҳсули хаёли худ бештар бовар мекунад ва онро камтар назорат менамояд.
Фантазия шарти муҳими тараққиёти шахсияти кӯдак буда, барои равшан намоёншавии имкониятҳои эҷодии ӯ зарур аст. Фантазия дар синну соли томактабӣ ҳамчун шарти муҳими аз худ намудани таҷрибаи ҷамъиятӣ баромад мекунад. Образҳои фантазия чун барномаи фаъолияти бозӣ хизмат менамоянд. Кӯдак худро кайҳоннавард тасаввур намуда, рафтору кирдори худ ва ҳамсолонашро ба он мувофиқ мегардонад. Ӯ дар предметҳои ламсшавандаи ҳақиқӣ барои объект ва муносибатҳои хаёлкардаи худ замина меҷӯяд.
Хаёли кӯдакон равшан ифода меёбад ва бештар аз унсурҳои фантазия иборат аст. Бозӣ барои кӯдакон – ин пеш аз ҳама фаъолияти фикрӣ ва бошуурона аст. Кӯдакон на танҳо предметҳои реалӣ, балки ғайриреалиро низ тасаввур мекунанд ва ба амалҳои худ ҷиҳатҳои навро дохил мекунанд, ба бозӣ характери эҷодӣ медиҳанд. Онҳо мошин ва ракетаҳо меофаранд ва ҳамон лаҳза хилофи қонуни мантиқ, онҳоро ба қуттиҳои худ пинҳон мекунанд. Бозиҳои кӯдакон хусусиятҳои реалӣ ва

пешина
аз 223
навбатӣ