Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
хаёлиро ба осонӣ бо ҳам пайваст менамоянд. Агар дар фаъолияти бозӣ ҷиҳатҳои реалӣ бештар вуҷуд дошта бошанд, ҳамон қадар эҳтиёҷ ба хаёл камтар мемонад. Ин хусусиятро бояд ба хотира гирифт ва дар ҳар гуна фаъолияти кӯдакон ба хаёл ва эҷодиёт ҷои муайянро гузошт.
Дар психология ва педагогикаи кӯдакон масъалаи эҷодиёт ва тараққӣ додани он яке аз проблемаҳои муҳим ба шумор меравад. Ҳанӯз дар синни ибтидоии бачагӣ дар кӯдакон протсессҳои эҷодиро мушоҳида кардан мумкин аст, ки дар бозиҳо ниҳоят хуб ифода меёбанд. Кӯдаке, ки дар чӯб нишастааст, худро аспсавор ва духтараке, ки бо лӯхтак бозӣ менамояд, худро ҳамчун модар тасаввур мекунад. Ҳамаи ин мисоли ҳақиқии эҷодиёт мебошанд. Кӯдакон дар бозиҳои худ бисёр чизҳоеро, ки пеш дидаанд, боз аз нав ҳосил мекунанд.
Тақлид дар бозӣ мавқеи муайянро соҳиб аст. Бозиҳои кӯдакон инъикоскунандаи он чизе аст, ки ӯ дидааст ва ё худ аз калонсолон шунидааст. Вале бояд гуфт, ки унсурҳои таҷрибаи гузаштаи кӯдак дар бозӣ на ҳамон тавре, ки дар ҳақиқат рӯй дода буданд, аз нав ҳосил мегарданд. Бозии кӯдак бахотироварии оддии таассуротҳои гузашта набуда, дар он коркарди нави ҳиссиётҳои азсаргузаронидашуда ба вуҷуд меояд, яъне ҳақиқати наве офарида мешавад, ки ба мақсад ва хоҳишҳои худи кӯдак ҷавоб дода метавонад.
Майдони таҷрибаи кӯдакро васеъ намудан зарур аст, то ки барои фаъолияти эҷодӣ асосҳои устувор ба вуҷуд ояд. Кӯдак ҳар чӣ бештар дидаю шунида ва дар таҷрибаи худ унсурҳои ҳарчӣ бисёртари ҳақиқатро аз худ карда бошад, ҳамон қадар фаъолияти хаёли ӯ сермаҳсултар мегардад.
Кӯдак расм мекашад ва якбора дар бораи тасвири кашидааш нақл мекунад. Ин синкретизм ишора ба он решаи умумие мекунад, ки зимни он намудҳои санъати кӯдакон ба вуҷуд меояд. Решаи умумии бозӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор