Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

мегиранд ва он хусусият ба кӯдак имконият медиҳад, ки алоқаю муносибатҳои муҳими ҳодисаҳоро фаҳмида гирад.
Дар синни томактабӣ заминаҳои тараққиёти шаклҳои мантиқии тафаккур пайдо мешаванд. Ташаккули унсурҳои мафҳумҳои илмӣ, аз ҷумла математикӣ ва забонӣ, ба вуҷуд меояд.
Диққат, хотира ва хаёл дар давраи томактабӣ тараққиёти ба ҳам монандро доранд. Амалҳои махсус ташаккул меёбанд, ки онҳо дар мутамарказ намудани фаъолияти шуур ба чизе, дар хотира ба таври мақсаднок нигоҳ дошта тавонистани образҳои дидаю шунида ва дар худ тасаввур намудани ягон чизи аз доираи пештар идрокшуда берунбуда имконият медиҳанд.
Агар кӯдак дар ибтидои давраи томактабӣ ба предмет то он лаҳзае, ки ба он шавқу ҳавас дорад, таваҷҷӯҳ диҳад, он гоҳ диққат бо мураккабшавии фаъолият ва пешрафти умумии тараққиёти ақлӣ устуворию мутамарказияти баландро соҳиб мешавад. Кӯдак ба идора намудани диққати худ сар мекунад, мақсаднокӣ ва фаҳмидашавандагии он инкишоф меёбад, аммо диққати беихтиёр дар давоми синни томактабӣ бартарӣ дошта боқӣ мемонад.
Дар кӯдаки синни томактабӣ қобилияти ба хотира гирифтан ва аз нав ҳосил кардани предмету ҳодисаҳо бошиддат тараққӣ мекунад.
Хотираи ӯ асосан характери беихтиёриро дорад, вале дар синни миёнаи томактабӣ шаклҳои ихтиёрии бахотирагирӣ ва азнавҳосилкунӣ пайдо мешаванд, ки ба ин фаъолияти бозӣ, бозии ролӣ мусоидат мекунад.
Бахотирагирии беихтиёр то охири синни томактабӣ назар ба бахотирагирии ихтиёрӣ нисбатан сермаҳсултар аст. Дар баъзе томактабиён намуди махсуси хотираи биноӣ – хотираи эйдетикиро вохӯрдан мумкин аст, ки образҳои он бо равшанию аниқии худ ба образҳои идрок қаробат доранд. Хотираи биноӣ дар аксарияти кӯдакон тараққӣ кардааст, вале он ба дараҷаи эйдетикҳо намерасад.

пешина
аз 223
навбатӣ