Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

идроки ранг, шакл, андозаи предметҳо, мавқеи онҳо дар фазо, баландии садо, давомоти вақтии ҳодисаҳо ва ғайра меъёрҳои ба таври умумӣ қабулшудаи ҳиссиро истифода мебарад. Дар ин давраи синнусолӣ на танҳо тараққиёти идроки биноию ламсӣ, балки шунавоӣ, ҳаракатҳои мавзуни дастон,, пойҳо ва умуман тамоми бадан рӯй медиҳад. Идроки фазову вақт мураккаб мегардад ва алоқаю муносибатҳои гуногуни байни предметҳо фаҳмида мешавад. На танҳо муносибати кӯдак ба расм ҳамчун тасвир дигар мешавад, балки маҳорати бошуурона нисбат дода тавонистани расм бо ҳақиқат ташаккул меёбад ва бо ин муносибати худро ба объекти тасвиршаванда ифода мекунад.
Тараққиёти тафаккур дар синни томактабӣ дар асоси гузариши амалҳои берунии тахминӣ ба ботин, ба воситаи амалҳои оддитарини фикрӣ ҳал намудани масъалаҳо ба вуҷуд меояд, яъне дар асоси тафаккури амалӣ-предметӣ, тафаккури аёнӣ-образӣ ба вуҷуд меояд, ҳал карда тавонистани масъалаҳо дар асоси аломатҳо сурат мегирад, яъне тафаккури калимагӣ-мантиқӣ пайдо мешавад.
Кӯдакони ин давра ба муҳокима намудан, шарҳу эзоҳ додан, ба нақша гирифтани амал ва пешбинӣ намудани оқибатҳои он сар мекунанд. Кӯдак бо ёрии тафаккур алоқаю муносибат, сабабу натиҷаи ҳодисаҳоро фаҳмида мегирад. Дар кӯдак ҷаҳду кӯшиши гирифтани дониш зоҳир мегардад, ки ин шарти муҳимтарини тараққиёти тафаккур мебошад. Шавқу ҳаваси ӯ ба чизҳои иҳотакарда рӯз то рӯз меафзояд, саволҳои бисёреро ба миён мегузорад (беҳуда нест, ки синни 3–5-солагиро синни «чарогӯякҳо» меноманд).
Асоси тараққиёти тафаккури томактабиёнро ташаккул ва такмили амалҳои фикрӣ дар асоси интериоризатсия (ботинишавӣ)-и амалҳои берунӣ ташкил медиҳад. Умуман, тафаккури образӣ намуди асосии тафаккури томактабиён шуда мемонад. Образҳо характери ҷамъбасткунандаро

пешина
аз 223
навбатӣ