Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Боинтизомии кӯдакон дар муносибати муташаккилонаи онҳо чӣ дар боғчаи бачагон ва чӣ дар хона ба талабҳои калонсолон, дар кӯшиш ва маҳорати риоя намудани як қатор қоидаҳои рафтор, дар нигоҳ дошта тавонистани худ аз кирдорҳое, ки хилофи талабҳои интизом аст, зоҳир мешавад. Дар тарбияи боинтизомии томактабиён шахсияти мураббӣ, намунаи рафтор, асоснокӣ ва пайдарпайии талабҳо роли муҳимро мебозанд.
Дар давраи томактабӣ дар фаҳмиши қоидаҳои рафтор ва инчунин баҳо додан ба рафтори худ ва рафиқон пешравии назаррас ҳис карда мешавад. Бинобар ин, кӯдаки 6-сола аллакай метавонад мустақилона қоидаҳо кор карда барояд ва дар рафтори худ онҳоро ба роҳбарӣ гирад, ки ин ба устувор гаштани онҳо мусоидат менамояд.
Дар ташаккули шахсияти кӯдаки синни томактабӣ фаъолиятҳои бозӣ ва меҳнатӣ роли муайянро мебозанд. Бозиҳои ролӣ дар кӯдак худназораткунӣ, худдорӣ карда тавонистанро тарбия мекунанд, маҳорати идоракунии ҳаракату амалҳо ва диққати ихтиёриро ташаккул медиҳад.
Кӯдакон ба меҳнати калонсолон нигариста, малакаҳои ба худ мувофиқ, ба монанди худхизматрасониро дар худ ташаккул медиҳанд, ки ин дар навбати худ ба пайдоиши меҳнатдӯстӣ, мустақилӣ, масъулиятшиносӣ ва покизакорӣ барин хислатҳои характер имконият медиҳад.
Хусусиятҳои индивидуалӣ-психологии кӯдакони синни томактабӣ ҳоло устувору мустаҳкам нестанд. Кӯдакон дар амалу муносибатҳо ба одамон пурра аз вазъияту шароитҳо вобастаанд. Масалан, кӯдак дар давоми ҳафта якчанд маротиба баҳодиҳии худро ба мураббияш дигар мекунад: баъди таҳсину офарин – ӯ хубу меҳрубон ва баъди сарзаниш – ӯ одами бад мешавад.
Шароитҳои ҳаёт ва тарбияи кӯдак ба инкишоф ва ташаккули шахсияти ӯ минбаъд таъсири амиқ мебахшанд ва дар баъзе ҳолатҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор