Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
нақши худро барои тамоми ҳаёт мегузоранд. Кӯдакон бисёр предмету ҳодисаҳо, қиёфа ва таассуротҳои гирифтаашонро дар синни камолот ба хотира меоваранд. Аз ин рӯ, қувваи таассурот, устуворию бардавомии он дар ташаккули характер ва шахсияти кӯдак бетаъсир намемонад. Бояд гуфт, ки психикаи кӯдак тағйирёбанда буда, ба ҳама чизи ба талаботи ҳаётии ӯ ҷавобдиҳанда таъсирпазир аст. Барои кӯдаки 3–4-сола чунин талаботҳоро номбар кардан мумкин аст: талабот ба навозиш, меҳрубонӣ, кӯшиши бо кӯдакон муошират намудан, ба калонсолон наздик шудан, шавқу ҳавас ба таассуротҳои равшан ва ғ. Аксар вақт бо сабаби қонеъ нашудани талаботҳои зикршуда, дар характери кӯдакон норасоиро эҳсос кардан мумкин аст.
Агар дар характери ташаккулёбандаи кӯдаки ин давраи синнусолӣ камбудӣ ошкор карда шавад, он гоҳ дар навбати аввал муайян кардани он чи зарур аст, ки оё дар тараққиёти ҷисмонии кӯдак ягон хел зуҳуроти номатлуб мавҷуд нест, оё талаботҳои ӯ ба навозиш, муошират, бозӣ ва ғайра пурра қонеъ мегарданд.
Тарбияи шахсият ва фардияти кӯдак корест, ки мунтазам маслиҳату машварати педагог ва инчунин духтурро талаб мекунад.
Томактабиён ниҳоят таъсирпазиру кунҷков мебошанд. Онҳо ҳамвора дар ҷустуҷӯи таассуротҳои зиндаву гуногунанд. Агар талаботи табиӣ-маърифатии кӯдак қонеъ карда нашавад, ҳаёти ӯ бо таассуротҳои нав ба нав бой нагардад, он гоҳ ин на танҳо тараққиёти ақлии ӯро метавонад боздорад, балки ба ташаккули характер низ таъсири манфӣ мерасонад.
Бояд қайд кард, ки дар ташаккули соҳаи маърифатии кӯдак миқдори аз ҳад зиёди таассуротҳо ё худ таассуротҳое, ки мувофиқи қувваи системаи асаб нестанд, таъсири бад мерасонад. Кӯдак ҳангоми набудани таассуротҳо ғайрифаъол, беғайрат, танбал мешавад, барои ақли худ аз берун ғизои мувофиқе ёфта наметавонад, шӯхиҳои мамнуъро фикр карда мебарояд ё худ хаёлпарасти хушку холӣ шуда мемонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор