Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

он мусоидат мекунад. Ҳама чизи нав, ногаҳонӣ, равшан ва шавқовар диққати талабаҳоро ба худ ҷалб мекунад.
Ба хусусиятҳои синнусолии диққат на он қадар устувор будани он низ таалуқ дорад. Хонандагони синфҳои якум ва дуюм муддати дароз худро ба кор сафарбар карда наметавонанд, диққати онҳо ба осонӣ парешон мешавад.
Рафти таълим бачаро дар шароите мегузорад, ки ин шароит аз ӯ барои тараққӣ додани диққати ихтиёрӣ ва бо кӯшиши иродавӣ мутамарказонидани он ҳамеша машқ карданро талаб мекунад. Диққати ихтиёрӣ дар баробари тараққиёти маромҳои аҳамияти ҷамъиятӣ доштаи омӯзиш, фаҳмидани масъулияти худ дар фаъолияти муваффақиятноки таълимӣ тараққӣ мекунад. Дар мактаббачаи хурдсол дар заминаи ин маҳорати ташкил кардану ба тартиб даровардани диққати худ, шуурона идора намудани он ташаккул меёбад.
Хотира
Хусусиятҳои синнусолии хотираи бачаҳои синни хурди мактабӣ дар зери таъсири таълим тараққӣ мекунанд. Мавқеъ ва аҳамияти бахотирагирии калимагию мантиқии маъногӣ (назар ба аёнию образӣ) меафзояд ва имконияти шуурона идора намудани хотира ва ба тартиб даровардани зуҳуроти он (бахотирагирӣ, азнавҳосилкунӣ, бахотираоварӣ) тараққӣ мекунад.
Азбаски дар мактаббачаҳои хурдсоли ҳамин синну сол фаъолияти системаи сигналии якум нисбатан бартарӣ дорад, хотираи аёнию образӣ нисбат ба хотираи калимагию мантиқӣ бештар тараққӣ кардааст.
Онҳо маълумот, ҳодиса, қиёфа, предмет ва фактҳоро назар ба таъриф, баёнот ва шарҳҳо беҳтару зудтар ба хотира мегиранд ва нисбатан мустаҳкам дар хотира нигоҳ медоранд. Мактаббачаҳои хурдсол (махсусан ду синфи аввал) ба бахотирагирии механикӣ майл доранд, ки он бе фаҳмидани алоқаҳои маъногии дохилии материали ба хотира гирифта шаванда мегузарад.

пешина
аз 223
навбатӣ