Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

баъзан ҳарфу овозҳои аз рӯи навишт ё талаффузашон монандро фарқ намекунанд ё омехта менамоянд. Бачаҳо аксар вақт ҷиҳатҳои тасодуфиро ҷудо намуда, дар айни замон хусусиятҳои муҳимашро идрок намекунанд.
Алоқаи зичи амалҳои мактаббача ва идроки ӯ хусусияти дигари идроки талабаҳо дар ибтидои синни хурди мактабӣ мебошад. Дар ҳамин зинаи тараққиёти психикӣ идрок бо фаъолияти амалии кӯдак алоқаманд аст. Идрок кардани предмет барои мактаббача чунин маъно дорад, ки ӯ бояд бо он ягон кор ё амалеро иҷро намояд, чизеро дар он тағйир диҳад, онро ба даст гирад, ламс карда бинад.
Равшану эмотсионалӣ ифода ёфтани идрок хусусияти хоси талабаҳои синфҳои I–II мебошад. Бачаҳо дар навбати аввал ҳамон объект, хосият, аломат ва хусусиятҳои онро идрок мекунанд, ки онҳо муносибати бевоситаи эмотсионалии онҳоро ба вуҷуд меоваранд. Чизи аён, равшан ва ҷоннок беҳтару аниқтар дарк карда мешавад.
Дар рафти таълим азнавсозии идрок ба вуҷуд меояд, идрок ба дараҷаи баландтари тараққиёт мебарояд, ба фаъолияти мақсаднок ва идорашаванда монанд мешавад. Идрок инчунин бештар таҳлилкунанда, фарқкунанда мешавад, ба хусусиятҳои мушоҳидаи муташаккил соҳиб мегардад.
Диққат
Ба диққати талабаҳои синфҳои ибтидоӣ ҳам баъзе хусусиятҳои синнусолӣ хос аст. Яке аз ин хусусиятҳои асосӣ суст будани диққати ихтиёрӣ мебошад. Дар ибтидои синни хурди мактабӣ имконияти ба тартиб даровардан ва идоракунии иродавии диққат маҳдуд аст.
Диққати ихтиёрии мактаббачаи хурдсол маромҳои ба ном наздикро талаб мекунад.
Дар бачаҳои синни хурди мактабӣ диққати беихтиёр беҳтар тараққӣ кардааст. Ибтидои омӯзиш дар мактаб ба тараққиёти минбаъдаи

пешина
аз 223
навбатӣ