Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ТаҳсилотИлмТиб
Аз аввал хондан

бешармӣ, зудранҷӣ, ноустувории ахлоқ ва ғайра. Минбаъд тараққиёти пурҷӯшу хурӯши ҷисмонӣ ва бобалоғатрасӣ имконият медиҳанд, ки дар наврас ҳисси калонсолӣ пайдо шавад ва мустақилии худро эҳсос намояд.
Ҳисси калонсолӣ сабаби ба мустақилӣ ва новобастагии муайян саъю кӯшиш намудани наврасон мегардад. Бинобар ин, онҳо нисбат ба баҳои калонсолон ҳассос мебошанд, ба кӯшишҳои калонсолон, ки ба паст кардани эътибор ва калонсолии онҳо нигаронида шудааст, бошиддат ҷавоб мегардонанд. Наврасон барои он талош доранд, ки калонсолон фикру ақидаҳои онҳоро ба инобат гиранд ва онҳоро ҳурмат кунанд. Ҳисси калонсолӣ масъулият, дараҷаи идеалҳо, талабро нисбат ба худ баланд менамояд. Агар назорати педагогӣ аз болои саъю кӯшишҳои мустақилии наврас набошад, он гоҳ ин хусусият боиси оқибатҳои бад шуданаш мумкин аст. Дар ҳамин асос байни наврасону калонсолон низоъҳо сар мезананд ва якравию гарданшахии онҳо як навъ ифодаи бешууронаи эътироз ба калонсолон аст, ки ба мустақилияташон дахолат кардаанд.
Ташаккулёбии худшиносӣ ва талаботи худро ҳамчун шахс фаҳмидан яке аз лаҳзаҳои муҳимтарини тараққиёти шахсияти наврас мебошад. Наврас ба худ, ба ҳаёти ботинӣ ва ба сифатҳои шахсии худ шавқу ҳавас пайдо мекунад, дар ӯ талаботи худбаҳодиҳӣ, худро бо дигар одамон муқоиса кардан пайдо мешавад.
Равияи шахсии наврас ба таври равшан дар муносибати ӯ ба таҳсил, меҳнат ва бозӣ зоҳир мешавад. Шавқу ҳавасҳои ӯ муайяну аниқанд. Наврасон маромҳои асосии шавқу ҳавасҳои худашонро аз ғайриасосӣ ҷудо карда метавонанд. Масалан, онҳо шарҳ дода метавонанд, ки чаро ба ин ё он фан ё варзиш ё ягон фаъолияти дигар шавқу ҳавас зоҳир намудаанд ва ғ.
Дар баробари ин, шавқу ҳавасҳои наврасон на ҳамеша устуворанд.
Шавқу ҳавасҳои онҳо бо вазъияту шароитҳои муайян зич алоқаманд

пешина
аз 223
навбатӣ