Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
мебошанд. Вобаста ба ҳамин шавқу ҳавасҳои наврас васеъю маҳдуд, устувору ноустувор, таъсирноку пассив мешаванд ва онҳо метавонанд наврасро ба ин ё он фаъолият водор намоянд ё нанамоянд.
Дар рафти аз худ намудани асосҳои илм ва дар баробари бойшавии таҷрибаи ҳаётӣ ва васеъшавии ҷаҳонбинӣ шавқу ҳаваси наврасон, пеш аз ҳама, шавқу ҳаваси характери маърифатӣ дошта ташаккул меёбад ва тараққӣ мекунад. Шавқу ҳаваси наврасон одатан шакли майли ҷиддӣ, рағбати ҳақиқиро мегирад, ки аксар вақт бар зарари дигар машғулиятҳо тамоми ҳастии наврасонро ба худ мекашад.
Илмдӯстӣ ва кунҷковии фаъолона, саъю кӯшиши ҳарисонаи ҳарчӣ зиёдтар дониста гирифтан, ки ба наврасон хос аст, сабаби парокандагӣ ва ноустувории шавқу ҳаваси онҳо шуда метавонад.
Равияи наврас дар хусусиятҳои соҳаи эмотсионалии ӯ ифода меёбад. Наврасон одатан ҳиссиёташонро пинҳон карда наметавонанд, баръакс, кӯшиши тез зоҳир намудани онро мекунанд.
Саъю кӯшиш ба мустақилӣ, баландшавии фаъолнокӣ ва дараҷаи шуурнокию худназораткунӣ, васеъшавию мураккабгардии соҳаҳои фаъолият дар наврас хислатҳои иродавии характерро ташаккул медиҳанд. Наврас дар инсон чунин хислатҳоро, ба монанди боҷуръатӣ, ҷасурӣ, ташаббускорӣ, мардонагӣ ва ғайра қадр мекунад. Бояд қайд кард, ки наврасон на ҳамеша сифатҳои иродавии шахсро дуруст мефаҳманд. Онҳо баъзан якравиро бо устуворӣ омехта мекунанд, саросемакории андеша нашударо ҳамчун боҷуръатӣ дида мебароянд. Аз ин рӯ, ба наврасон устуворӣ барин сифатҳои иродавӣ намерасад, то ки ба туфайли он барои муваффақиятҳои баланд дар омӯзишу меҳнат мубориза барад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор