Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҳам наздик ба вуҷуд омадану инкишоф ёфтани муносибатҳои дӯстонаи наврасон сабаб мешаванд.
Хусусиятҳои фаъолияти таълимӣ ва тараққиёти ақлии наврас
Бо гузариш ба синну соли наврасӣ азнавсозии муҳим дар фаъолияти таълимии мактаббача алоқаманд аст, ки мустақилии зиёдро талаб мекунад. Мазмун ва моҳияти фаъолияти таълимӣ ҳамчун фаъолият барои худомӯзӣ, ки ба қонеъ намудани талабот ва шавқу ҳавасҳои маърифатӣ равона шудааст, дар наврас тадриҷан ошкор шудан мегирад.
Наврас одатан нобарориҳои таълимии худро бо душворӣ аз сар мегузаронад, вале худбинии ӯ баъзан хоҳиши рӯпӯш кардани муносибати ҳақиқиро ба ин нобарориҳо ба вуҷуд меоварад: мактаббача чунин вонамуд мекунад, ки нисбат ба муваффақиятҳо дар таҳсил тамоман бепарвою бетафовут аст.
Дар рафти азхуд намудани асосҳои илм на танҳо таҷрибаи ҳаётӣ бой мешавад ва доираи назар васеъ мегардад, балки шавқу ҳавасҳои наврасон низ тараққӣ мекунанд. Бисёр вақт мушоҳида мекунем, ки шавқу ҳаваси дар синни наврасӣ пайдошуда минбаъд дар навҷавон низ нигоҳ дошта мешавад, мазмунан амиқу пурра мегардад ва ба равияи асосии касбии ӯ табдил меёбад.
Шавқу ҳавас ба касбу кори муайян дар охири синни наврасӣ ба вуҷуд меояд. Дар баробари ин бояд қайд кард, ки тасаввурот дар бораи характери касбҳои интихобшаванда дар аксари наврасон хираю номуайян аст. Наврас аз касбу корҳои гуногун ва аз талабҳое, ки онҳо пешниҳод менамоянд, хуб бохабар нест.
Характер ва шаклҳои тағйирёфтаи фаъолияти таълимӣ, кунҷковии афзуншудаи ақл аз наврас фаъолияти ақлии нисбатан баланд ва муташаккилро талаб мекунанд.

пешина
аз 223
навбатӣ