Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

Акнун дар наврас қобилияти пурра идрок намудани хусусиятҳои предмету ҳодисаҳо ба вуҷуд меояд.
Диққат ва хотира ҳам дар синни наврасӣ моҳиятан тағйир меёбанд.
Пурқувваттар гардидани ҷиҳати ихтиёрии ин функсияҳо хусусияти асосии синни наврасӣ мебошад.
Дар синну соли наврасӣ доир ба ташаккул додани маҳорати ташкилу назорат кардани функсияҳои психикӣ, идора намудани онҳо тамоюли умумӣ шиддат мегирад. Диққату хотира тадриҷан ба протсессҳои муташаккил, ба тартиб даровардашаванда ва идорашаванда табдил меёбанд. Наврасон нисбат ба мактаббачаҳои хурдсол усулҳои махсуси бахотирагирӣ ва бахотираовариро бештар истифода мебаранд. Хотираи мантиқӣ, маъногӣ бештар ҷои хотираи механикиро мегирад.
Диққати наврасро тавсиф дода истода, зиддиятнокии муайяни онро низ қайд кардан лозим аст: дар синни наврасӣ, аз як тараф, диққати ихтиёрии устувор ташаккул меёбад, аз тарафи дигар, таассуроти сершумор, фаъолнокии пурҷӯшу хурӯш ва зуд тағйирёбии наврас аксар вақт ба ноустуворӣ ва зуд парешоншавии он меоваранд. Интихобии диққат, яъне маҳорати аз рӯи шавқу ҳавас ҷудо карда тавонистани ҳодисаю предметҳо дар наврас равшан ифода меёбад.
Дар синну соли наврасӣ ба дараҷаи муайян ҳаҷми диққат зиёд мешавад, қобилияти кӯчонидани диққат аз як амал ба дигараш, аз як фаъолият ба фаъолияти дигар ташаккул меёбад. Қобилияти сол аз сол афзуншавандаи тафаккури абстрактӣ, тағйирёбии таносуби тафаккури конкретӣ ва абстрактӣ – хусусияти асосии фаъолияти фикрии наврас мегардад. Дар баробари ин ҷиҳатҳои конкретӣ-образии (аёнии) тафаккур нест нашуда, боқӣ мемонанд, тараққӣ мекунанд ва дар сохтори умумии тафаккур (масалан, қобилияти конкретикунонӣ, тасвирнамоӣ, кушонидани мазмуни мафҳум дар образу тасаввуротҳои конкретӣ) роли бузургро

пешина
аз 223
навбатӣ