Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

Шахсияти навҷавон зери таъсири мавқеи наве, ки дар ҷамъият ва системаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ишғол кардан мегирад, ташаккул меёбад. Намудҳои асосӣ ва пешбарандаи фаъолияти навҷавон омӯзиш, интихоби ояндаи касбу кор, муайян кардани роҳи ҳаёт, таълими касбӣ ва меҳнат мешаванд. Навҷавонон ё таҳсилро дар мактаб давом медиҳанд, то ки минбаъд ба ягон мактаби олӣ, техникум дохил шаванд, ё барои аз худ кардани касби коргарӣ ба омӯзишгоҳҳои касбӣ мераванд, ё худ шабона мехонанду рӯзона кор мекунанд. Дар ин шароитҳо ва зери таъсири онҳо дар тараққиёти ақлӣ ва маънавии навҷавонон дигаргуниҳои муҳим рӯй медиҳанд. Характери нави таҳсил ба ташаккули ҷаҳонбинӣ, эҳсоси олам, мустақилӣ, ташаббускорӣ, ҳисси вазифашиносӣ, ба тараққиёти фаъолияти эҷодии навҷавонон, ки ба табиат, одамони дигар ва ба худашон равона мешавад, таъсири бузург мебахшад. Ин синну соли худтарбиякунӣ ва худомӯзӣ, худинкишофдиҳию худшиносӣ мебошад.
Шахсияти навҷавон зери таъсири мавқеи нави ӯ дар коллективи синф, дар байни дигар талабаҳои мактаб ва фарзандони калонтари оила ташаккул меёбад. Зиддияти байни дараҷаи тезафзояндаи талабот, ки оила, мактаб, ҷамъият пешниҳод мекунанд ва ҳамон дараҷаи инкишофи психикӣ, ки дар соҳаи ақлӣ, ахлоқӣ ва эмотсионалию иродавӣ ба даст оварда шудааст, қувваи ҳаракатдиҳандаи тараққиёти психикӣ дар синну соли калони мактабӣ мебошад. Ин зиддият бо роҳи тараққиёти бошиддати қувваҳои маънавӣ, ақлӣ ва эҷодии навҷавон бартараф карда мешавад.
Ҳангоми тавсиф додани синну соли навҷавонӣ ба эътибор гирифтани хусусиятҳои тараққиёти ҷисмонӣ зарур аст, ки онҳо имкониятҳои ояндаи ҳаёт ва фаъолияти ҷавонписарон ва ҷавондухтаронро муайян мекунанд. Ин бо интихоби касб ҳам алоқаманд

пешина
аз 223
навбатӣ