Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ТаҳсилотИлмТиб
Аз аввал хондан

бо калимае дар бораи гаҳвораам хотиррасон накунед. Ман одами мустақилам. Намехоҳам, ки маро аз дастам гирифта баранд. Дар пеши ман кӯҳи баланд аст. Ин мақсади ҳаёти ман аст. Ман онро мебинам, дар борааш фикр мекунам, ба он ноил шудан мехоҳам, вале ба ин қулла мехоҳам мустақилона бароям. Ман ба қуллаи худ мерасам, агар ба одами зӯру хирадманд такя кунам. Вале аз ин хусус гуфтан шарм медорам ва метарсам. Ман мехоҳам, то ки ҳама ҳисобанд, ки ман мустақилона, бо қувваи худ то ба он қулла мерасам». Ана чиро наврас мегуфт, дар сурате ки ӯ ҳама чизи асосиро пурра ошкоро гуфтан мехост».
ХУСУСИЯТҲОИ ПСИХОЛОГИИ СИННИ НАВҶАВОНӢ
Тавсифи умумии синну соли навҷавонӣ
Навҷавонӣ ё худ синни калони мактабӣ давраи тараққиёти кӯдакро аз 15 то 18-солагӣ дар бар мегирад. Мактаббача дар охири ин давра ба камолоти ҷисмонӣ мерасад, ҳамон дараҷаи камолоти идеявӣ ва маънавиро соҳиб мешавад, ки дар ҳаёти мустақилона, омӯзиши касб ва меҳнат зарур аст. Мавқеи иҷтимоии навҷавон бо он тавсиф дода мешавад, ки ӯ дар 16-солагӣ соҳиби паспорт мегардад, дере нагузашта, бо тамом кардани мактаб, дар 18-солагӣ ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро пайдо мекунад, оила барпо карда метавонад, ки ин аз дараҷаи муайяни камолоти гражданӣ ва мустақилӣ шаҳодат медиҳад. Навҷавонӣ – давраи муҳимтарини тараққиёти одам ҳамчун шахс мебошад. Ин давраи ташаккули гражданинии одам, бакамолрасии иҷтимоӣ, худмуайянкунӣ, худшиносӣ, фаъолона ворид шудан ба ҳаёти ҷамъиятӣ, давраи ташаккули сифатҳои маънавии гражданин ва ватандӯст ба шумор меравад.

пешина
аз 223
навбатӣ