Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Дар баробари ташаккул ёфтани шуури ахлоқӣ ҳиссиёти ахлоқии ҷавонон низ амиқтар мегарданд ва васеъ мешаванд. Ҳисси вазифашиносӣ, шарафу номус, кӯшиши бо муваффақият ва бемайлон иҷро намудани вазифаҳои худ – маромҳои муҳим ва асосии фаъолияти навҷавон мебошанд.
Духтарон ва писарон баландшавии талабро нисбат ба худ мефаҳманд.
Ҳиссиёти дӯстӣ ва муҳаббат, ки дар он ба таври равшан характери навҷавон ифода меёбад ва дар навбати худ ба ташаккули характер таъсири муайян мебахшанд, мақоми муайянро ишғол мекунанд.
Дар солҳои навҷавонӣ ҳиссиёти аввалини муҳаббат мушоҳида мешавад ва он дар ҳаёти одам осори намоёнро гузошта, хотираоти лирикиро ба вуҷуд меоварад. Муҳаббати аввалин вобаста ба хусусиятҳои индивидуалии навҷавон, дараҷаи шуурнокӣ, ахлоқ ва хислатҳои иродавии онҳо ҳар хел аз сар гузаронида мешавад. Ин муҳаббат барои аксарияти ҷавонон ҳиссиёти нафис ва софи ахлоқӣ мебошад. Баъзан дар ҷавонон аз нуқтаи назари ахлоқӣ муносибати бемасъулиятонаро бо зуҳуроти дурушту дағалӣ ва синизм мушоҳида кардан мумкин аст.
Умуман, ин ҳама ба чунин хислатҳои шахс, ба монанди амиқфикрӣ, ҳисси вазифашиносӣ ва ору номус, худназораткунӣ, сабру тоқат вобастагӣ дорад.
Дар давраи навҷавонӣ чунин хислатҳои иродавии характер бештар устувор мегарданд: ташаббускорӣ, сабру тоқат ва худдорӣ кардан, устуворӣ.
Ташаббускории ҷавонон аз наврасон бо дараҷаи шуурнокӣ ва боандеша буданаш фарқ мекунад, ки дар таҳсилу меҳнат зоҳир мешавад.
Ҳисси чизи нав ҷавононро ба ҷустуҷӯ, ба ихтироъ намудан водор месозад. Онҳо бо шавқи зиёд ташаббуси калонсолонро ба даст мегиранд ва дар рафти он ҷидду ҷаҳди зиёд зоҳир менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор