Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Дар байни ҷавонон шахсони камташаббускор низ мавҷуданд, ки баъзан аз ташаббуси калонсолон худдорӣ мекунанд. Чунин беташаббусӣ ва ҷавобгӯии суст ба ташаббуси калонсолон яке аз зуҳуротҳои танбалӣ ва беғайратии навҷавон ба шумор меравад.
Дар навҷавонон худназораткунӣ ва худдорӣ намудан бештар тараққӣ кардааст. Ҳаракатҳои онҳо равону мавзун буда, намуди зоҳирашон ботартибу озода мебошад. Ҷавонон лаванди, беинтизомӣ ва дуруштиро дар ҳаракатҳо ҳамчун як чизи қабеҳ меҳисобанд.
Ҷавонон ҳарчанд зиндадил бошанд ҳам, дар лаҳзаҳои алоҳида онҳоро ҳолати ғаму ғуссаи аз нобарориҳо ба вуҷудомада низ фаро мегирад. Албатта, ҳолати нохуши рӯҳӣ ҷавонро бефаъолият мекунад, дар ӯ ҳисси бефарқию камғайратиро ба вуҷуд меоварад.
Тадқиқотҳои боинтизомии мактаббачаҳои синни калони мактабӣ имконият доданд, ки як қатор хулосаҳои характерологии муҳим барорем.
Боинтизомӣ аз тарафи аксарияти хонандагони синни калони мактабӣ пеш аз ҳама ҳамчун иҷрои вазифа дар назди мактаб ва Ватан фаҳмида мешавад. Дар баробари ин, хонандагон боинтизомиро қисми таркибии рафтор медонанд. Онҳо боинтизомиро ҳамчун ифодаи қувваи ирода (устуворӣ, худдорӣ, худназораткунӣ) дида мебароянд. Зуҳуротҳои беэҳтиётӣ, худдорӣ карда натавонистани нутқ («сергапӣ дар дарсҳо»), дағалӣ нишонаҳои вайроншавии интизом мебошанд. Баъзе хонандагон боинтизомии берунӣ ва дохилиро ҷудо мекунанд ва ҳатто шахсоне ҳастанд, ки мафҳуми интизомро ба хонандагони синфҳои болоӣ муносиб намедонанд. Мувофиқи андешаи онҳо, на ҳамеша ва на дар ҳар ҷо боинтизом будан шарт аст. Шартҳои муҳимтарини ташаккули боинтизомӣ хоҳиши ҷиддии боинтизом будан ва қатъияти баланди маромҳои рафтор мебошанд.
Фаъолияти таълимӣ ва тараққиёти ақлии навҷавонон
Фаъолияти таълимии хонандагони синфҳои болоӣ аз фаъолияти таълимии наврасон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор