Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан
  1. нейрони ретсепторӣ;
  2. нейрони ҳаракатӣ;
  3. нейрони ретсептории проприоретсептор, ки ба туфайли он дар бораи амали ҷавобии ба вуҷудовардаи организм ахбор ҳосил мешавад.
  4. нейрони марказгурез, ки тавассути он мутобиқати дуюми ҳаракати мушакҳо сурат мегирад.
    Назарияи рефлекторӣ дар асарҳои Декарт, И.М. Сеченов, И.П. Павлов, А.А. Ухтомский, В.М. Бехтерев ва дигар физиологҳо, невропатологҳо ва психологҳои машҳур тадқиқ шудааст.
    Дар осори онҳо принсипҳои асосии назарияи рефлекторӣ муайян шудааст:
  5. принсипи детерминизми материалистӣ, ки мувофиқи он ҳамаи протсессҳои асабии дар майна рӯйдода сабабе доранд, ки шаклҳои гуногуни ҳаракати материя мебошанд;
  6. принсипи структурӣ, ки дар он алоқаи байниҳамдигарии функсияи минтақаҳои гуногуни системаи асаб ба эътибор гирифта мешавад. Иҷрошавии функсияҳои мураккаб ба фаъолияти минтақаҳои нисбатан тараққӣ кардаю мураккаби системаи асаб вобаста аст;
  7. принсипи таҳлил ва синтез, ки мувофиқи он ҳангоми омадани ангеза ба ретсептор ва минбаъд гузаштани он ба минтақаҳои болоии системаи асаб, таҳлили ангезаю синтези импулсҳои он шуда мегузарад ва рефлекс ба туфайли ҳамаи ин протсессҳо ба вуҷуд меояд.
пешина
аз 223
навбатӣ