Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Ба ҷуз ин принсипҳои асосӣ, принсипи доминанта (пайдоиши манбаъҳои ҳаяҷон дар пӯстлоқи майнаи сар) ва принсипи фаъолияти сарбастаи рефлексҳои шартиро низ қайд кардан зарур аст.
Ҳамаи рефлексҳо – амалҳои ҷавобии организм ба ду гурӯҳи калон тақсим мешаванд: рефлекси ғайришартӣ ё худ модарзодӣ ва рефлекси шартӣ, ки дар таҷрибаи ҳаёти индивидуалӣ ба даст оварда мешавад.
Психика махсусан бо пайдоиши рефлексҳои шартӣ зич алоқаманд аст, ҳарчанд дар зоҳиршавии протсессҳои психикӣ рефлексҳои ғайришартӣ (хӯрокхӯрӣ, дард, ҷинсӣ ва ғ.) низ беаҳамият нестанд.
Барои пайдоиши рефлексҳои шартӣ шароитҳои зерин муҳиманд:
- якҷояшавии ангезандаи ғайришартӣ (масалан, хӯрок) бо ангезандаи индифферентӣ, яъне бефарқ. Ангезандаи бефарқ баъди якҷояшавии бисёркарата бо ангезандаи ғайришартӣ ҷонишини он мегардад, яъне ҳамон амали ҷавобиро ба вуҷуд меоварад, ки ангезандаи ғайришартӣ (хӯрокхӯрӣ) низ ба он сабаб мешавад. Дар баробари ин барои пайдоиши рефлекс зарур аст, ки ангезандаи бефарқ бояд каме қабл аз амали ангезандаи ғайришартӣ ба вуҷуд ояд.
- барои ҳосилшавии рефлекси шартӣ якҷояшавӣ ва мувофиқшавии бисёркаратаи ангезандаҳои шартӣ ва ғайришартӣ зарур аст.
Рефлексҳои шартиро аз рӯи ангезандае, ки боиси пайдоиши рефлекс мешавад, фарқ мекунанд. Онҳо ниҳоят гуногун мешаванд: рефлекс ба ангезандаи садо, рӯшноӣ, вақт ва ғ.
Пайдоиши алоқаҳои муваққатӣ ба фаъолияти пайвасткунандаи ҳуҷайраҳои пӯстлоқи майнаи сар вобаста аст. Ҳангоми якҷояшавии ангезандаҳои ғайришартӣ ва шартӣ аввал алоқаи байни ҳуҷайраҳои гуногуни майнаи сар кушода мешавад ва сипас мустаҳкам мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор