Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ТибТаҳсилотИлм
Аз аввал хондан

дар ибтидо рефлекси ҷамъбасткунанда ва минбаъд тафриқаи онҳо ба вуҷуд омада метавонад.
Илми психология монанди дигар илмҳо дорои методҳои асосӣ ва ёридиҳандаи тадқиқотӣ мебошад. Методҳои мушоҳида ва эксперимент ба гурӯҳи методҳои асосӣ, методҳои суҳбат, анкета, худмушоҳидакунӣ, тестҳо, баҳоҳои санҷишӣ ва ғ. ба гурӯҳи методҳои ёридиҳанда дохил мешаванд.
Мушоҳида. Хусусияти муҳиму хоси методи мушоҳида аз он иборат аст, ки он дар шароитҳои муқаррарӣ гузаронида мешавад. Бо ёрии он протсессҳои психикии алоҳида (хотира, диққат, тафаккур), хислатҳои психикии шахс (характер, қобилият) ва ҳолатҳои психикӣ (кайфият, аффект) омӯхта мешаванд. Бо воситаи методи мушоҳида як шахс ё гурӯҳи одамонро омӯхтан мумкин аст.
Мушоҳидаи психологӣ аз рӯи план ва барномаи муайян гузаронида мешавад. Маълумотҳои дар рафти мушоҳида ба даст овардашударо одатан дар рӯзномаи махсус қайд мекунанд. Ҳодисаҳои психикӣ ба туфайли методи мушоҳида на танҳо тавсиф, балки аз назари психологӣ шарҳу эзоҳ низ дода мешаванд.
Ин метод барои омӯзиши гурӯҳи боғчаи бачаҳо, синфҳои мактаб, гурӯҳҳои академикии мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ мувофиқ аст. Яке аз камбудиҳои методи мушоҳида аз он иборат аст, ки тадқиқотчӣ на ҳар гуна зуҳуроти рафтори шахс, балки танҳо бо мақсади тадқиқот алоқаманд бударо меомӯзад. Тадқиқотчӣ дар чунин ҳолат маҷбур аст, ки зуҳуроти хусусиятҳои дигари муҳими шахс ва ё ҳолатҳои психикиро сарфи назар кунад. Илова ба он дар протсесси мушоҳида қайди зуҳуроти алоҳидаи хусусиятҳои психикӣ нокифоя аст, чунки он пурра типи будани ин ё он ҳодисаро исбот карда наметавонад.
Эксперимент (таҷриба). Афзалияти ин метод нисбат ба мушоҳида дар он аст, ки тадқиқотчӣ вобаста ба мақсади эксперимент худаш метавонад

пешина
аз 223
навбатӣ