Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

мақсади омӯхтани фаъолияти психикии тадқиқшавандагон ба вуҷудовардашуда мебошанд.
Методи суҳбат. Суҳбат ҳамчун методи мустақил дар зинаҳои гуногуни тадқиқот барои аниқ намудани хулосаҳое истифода мешавад, ки онҳо ба туфайли дигар методҳо, махсусан методи мушоҳида ҳосил шудаанд. Ҳангоми истифода бурдани методи суҳбат мақсад ва саволномаи он бояд пешакӣ фикр карда шавад. Саволҳо бояд кӯтоҳу фаҳмо бошанд ва набояд характери «талқинкунанда» дошта бошанд.
Суҳбат бояд самимона гузарад ва натиҷаҳои он пурра навишта шуда, баъд таҳлил ва ҷамъбаст карда шавад. Моҳирона истифода бурдани методи суҳбат ба ҳосил кардани натиҷаҳои пурқиммат имконият медиҳад.
Методи анкетӣ. Талаби асосӣ нисбат ба ин метод аниқ намудани мазмуни саволҳо ва дурусту саҳеҳ тартиб додани онҳо мебошад. Барои истифодаи анкета ва пур кардани он дастури муфассале бояд ба озмудашаванда дода шавад. Анкетаҳо бо истифодаи методҳои статистикӣ коркарди сифатӣ ва миқдорӣ карда мешаванд. Имконияти якбора ба даст овардани маълумотҳои ҳаҷман зиёд ҷиҳати мусбати ин метод буда, тарафи манфии онро мавҷудияти сохтакории ҷавобҳо ташкил медиҳад.
Методи баҳоҳои санҷиш. Ин метод дар омӯзиши психологияи шахс васеъ истифода мешавад. Шахсоне ба сифати эксперт ҷалб карда мешаванд, ки озмудашавандаро хуб медонанд: мураббии боғчаи бачаҳо, роҳбарони синфи мактабҳо, устои таълими истеҳсолии омӯзишгоҳҳо, роҳбари коллективҳои илмӣ, кормандони ҳарбӣ, тренерони соҳаи варзиш ва дигарон. Баҳоҳои санҷишро на дар шакли зуҳуроти сифатии хислатҳо, балки ба намуди баҳодиҳии миқдорӣ гузоштан ба мақсад

пешина
аз 223
навбатӣ