Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

мувофиқ аст, ки дар он дараҷаи ифодашавии ин ё он хислат ё унсури рафтор ба эътибор гирифта мешавад.
Методи худмушоҳида. Худмушоҳида қисми таркибии методҳои суҳбат ва анкетӣ ба шумор меравад. Натиҷаҳои методи худмушоҳида барои дигар методҳо низ ниҳоят муҳиманд. Маълумотҳои ин методҳо ҳангоми тартиб додани саволномаҳо барои омӯзиши шахс ҳатман бояд ба инобат гирифта шаванд. Худмушоҳидаро ҳамчун методи мустақили тадқиқоти психологӣ истифода бурдан мумкин аст.
Методи тестҳо. Бо ёрии тестҳои психологӣ хусусиятҳои муайяни психологии одам ва мувофиқати онҳо ба меъёру стандартҳои психологӣ муқаррар карда мешавад. Тестҳо имконият медиҳанд, ки дараҷаи мувофиқати одам ба ин ё он касб муайян карда шавад.
Мақсади асосии истифодабарии методҳои тадқиқоти психологӣ ҳосил намудани донишҳо дар бораи қонуниятҳои умумии зоҳиршавии ин ё он ҳодиса мебошад.
Методи интроспексия ё худ худмушоҳидаро дар психология хеле муддат ҳамчун методи асосии тадқиқот меҳисобиданд. Камбудии ин метод аз он иборат аст, ки тадқиқотчӣ на худи протсессҳои психикӣ, балки инъикоси онҳоро дар шуур, на худи ҳодисаҳои ба таври реалӣ вуҷуддошта, балки тасаввурот ва фаҳмишро дар бораи онҳо мушоҳида мекунад. Бояд қайд кард, ки ба воситаи методи интроспексия ҳангоми тадқиқи баъзе протсессҳои психикӣ, масалан, хотира, маълумотҳои пурра объективиро дар асоси натиҷаҳои ба даст овардаи муҳаққиқон ҳосил намудан мумкин аст. Дар шароити ҳозира методҳои асосии тадқиқи ҳодисаҳои психикӣ мушоҳида ва эксперимент мебошанд.

пешина
аз 223
навбатӣ