Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

(масалан, ретсепторҳо, қисми гузаронанда ё пӯстлоқи нимкураҳои калон) қатъ ёбад, он гоҳ қобилияти ҳискунӣ низ гум мешавад. Бояд ҳаминро қайд кард, ки ҳарчанд инсон ва ҳайвон сохти умумии анализаторро доро мебошанд, вале байни онҳо фарқияти сифатие мавҷуд аст, ки он ба тараққиёти ҷамъиятию таърихии психикаи одам алоқаманд аст. Хусусияти фаҳмида шудани ҳодисаҳо эҳсоси одамро аз эҳсоси намояндагони олами ҳайвонот фарқ мекунонад.
Эҳсос вобаста ба мавҷудияти узви ҳиссӣ, ретсепторҳо ба намудҳои гуногун тақсим мешавад.
Ҳанӯз юнониёни қадим панҷ узви ҳиссиро фарқ мекарданд, ки вобаста ба онҳо намудҳои зерини эҳсос ба вуҷуд омадаанд: биноӣ, мазза, шунавоӣ, бӯй, ломиса.
Илми ҳозира миқдори зиёди анализаторҳоро муайян кардааст, ки онҳо таъсирот ва протсессҳои чи дар олами берунӣ ва чи дар организм рӯйдодаро инъикос менамоянд.
Эҳсоси биноӣ. Манбаи пайдоиши эҳсоси биноӣ чашм аст, ки сохти мураккаби анатомиро дорад. Ба туфайли эҳсоси биноӣ мо шакл, равшанӣ, ранг, андоза, ҳаҷм ва дурии предметҳоро дониста мегирем.
Ҷуфт будани анализатори биноӣ, тағйирёбии андозаҳои тасвир дар турпарда ва инчунин ҳаракати чашм ва ҷоришавии ин протсессҳо имконият медиҳанд, ки дурӣ ва ҳаҷми предметҳоро муайян кунем.
Узви рӯшноиҳискунандаи чашм турпарда мебошад, ки он аз даҳҳо ҳазор нӯг ва торҳои асаби биноӣ иборат аст. Ин торҳои асаб шаклҳои гуногунро доранд ва вазифаҳои гуногунро низ адо мекунанд. Нӯгҳои асабии ба ном чубакҳо манбаи биниши рангҳои тираи ахроматикӣ (ҳамаи тобишҳои ранги байни сафеду сиёҳ) мебошанд. Нӯгҳои асабии ба ном колбачаҳо қобилияти инъикос намудани ҳамаи тобишҳои рангҳои хроматикиро доранд. Эҳсоси рангҳо бо протсессҳои эмотсионалӣ алоқаманд аст. Аз ин рӯ як гурӯҳи рангҳо ба ҳолати эмотсионалии шахс таъсири

пешина
аз 223
навбатӣ